Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 273 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 273 аз 527 · 2 ноябри 2026

...10...
Навбатдор бандаро хушдор сохт, ки рост ба дафтари кории Воҳид Камол дароям.
Ман ҳамоно ба тарафи рост, сипас ба тарафи чап тоб хӯрда, вориди қабулгоҳ шудам. Чун дар ин субҳи содиқ дар қабулгоҳ касе набуд, боз ба тарафи рост тоб хӯрда, дарро кушодам. Ба ҷуз сардори ШКД Наврўз Умар ва Ҷомии Шариф низ он ҷо буданд. Воҳид Камол бо ишораи даст бандаро ба даромадан ҳидоят намуд.
-Хуш, корҳо чӣ хел? - баробари ба курсӣ нишастанам пурсид сарвари ШКД.

  • Бозёфте нест.
  • Ин хеле бад аст.
  • Чӣ магар он духтараки ороишгар ягон чиз нагуфт? - ба суҳбат ҳамроҳ шуда, пурсид Наврӯз Умар.
    Ман дилу бедилон ҳозиринро аз суҳбати сарироҳиам бо ороишгар Ҳуснорои Раҳматулло шинос намудам.
  • Боз мегӯед, ки бозёфте нест, - гуфт Воҳид Камол.
  • Агар ҳамин чизи одиро бозёфт гуфтан мумкин бошад.
  • Обҳои равон, ки мебинӣ, ҳама аз қатраҳои борон аст, - гуфт сарвари ШКД.
    Ман таваҷҷуҳи ҳозиринро дида, ба хулосае омадам, ки онҳоро дигар маълумоте дар даст нест.
  • Гуфт, ки Парисои Ҳотам нияти ба Дубай рафтан дошт?
  • Ҳа.
  • Ба сифати раққоса?
  • Ҳамин хел.
  • Андешаҳои шумо дар ин бора, гумон мекунам, баъди вохӯрӣ бо Ҳуснорои Раҳматулло имконияти пурра доштед, ки дар ин бора фикр намоед.
  • Парисо бо кадом як сабабе, ки барои мо ҳанўз маълум нест, дар лаҳзаи охир аз рафтан ба Дубай саркашӣ намудааст.
  • Далел?
  • Мегўянд, ки пеши доно нараву пеши корафтода рав ва аҷаб нест, ки пеш аз сафар ў бо кадом як чунин корафтодае вонахӯрда бошад.
  • Наврўз Умарович, ҳамин нуқтаи назарро ҳам ба нақшаи чорабиниҳои ҷустуҷўӣ дохил намоед!
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан