Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 272 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 272 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ист! - қариб, ки бонги изтироб задам ман.
  • Худаш чӣ гап?
  • Бовар намекунам.
  • Ба чӣ?
  • Ба бозёфти хеш.
  • Рӯшантар карда гап занед.
  • Ман вайро дидам.
  • Киро?
  • Парисои Ҳотамро.
  • Ту чиҳо мегўӣ, охир ў кайҳо дунёи фониро тарк намуда.
  • Медонам.
  • Пас чӣ тавр вайро дидӣ?
  • Вай дар лаҳзаи охир сафари Дубайро напазируфт.
  • Чӣ?
  • Парисо худаш ба Дубай рафтан нахостааст ва ин амалаш боиси малоли хотири миёнарав шуда.
  • Ба андешаи шумо маҳз барои чунин ночиз коре қасди ҷони ў намудаанд.
  • Аз эҳтимол дур нест, ки чунин нашуда бошад.
  • Оё медонӣ, ки худ чиҳо гуфта истодаӣ?
  • Медонам ва ҳамаи инро сабаб шумоед.
  • Ман?
  • Ҳа шумо.
  • Пештар боре ҳам ба чунин эҳтиром ба ман муроҷиат намекардед. Ба шумо чӣ шуд?
  • Шумо дӯсти беғаразед. Чун манфиати шахсӣ дар ниҳодатон нест, пешниҳодатон қабул шуд.
  • Ман танҳо гуфтам, ки кунҷи нигоҳро тағйир диҳад.
    Магар баҳри ҳамин як калима месазад, ки?
  • Кори бетамаъ ҳамеша мақбули Худованд аст. Чун мо ҳама ба ёрии зоти покаш ниёз дорем, банда низ аз ў ёрӣ хостам…
    Таксӣ дар рў ба рўи бинои милиса истод ва ман бо ронанда ҳисобӣ намуда фаромадам…
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан