Он рўз Хуршед Малик гуфт, ки Парисо вайро огоҳ намудааст, ки пеш аз ба манзили вай ташриф оварданаш авввал занг занад.
- Чаро ў аз шахсе, ки ба ҷуз ҷисми латифи хеш калиди хонаро низ ба вай бовар кардааст чунин талаб намудааст?
Чаро?
Калиди ин муаммо ҳамчун он калиди гумшудаи ҳуҷраи Парисо дар дасти рақибон буд… - “Бо зан то ҳамон лаҳза муносибат гуворост, ки вайро кам медонӣ,”- ҳамагӣ дувоздаҳ соат пеш гуфта буд Ҳуснорои Раҳматулло.
Сад макр кунад шайтон…
“Эй бало ба паси шайтон, наход фариштаи зиндагиро, ки ўро зан- модар ном аст ба кадом як шайтони алайҳилаъна нисбат диҳӣ?” - дар нисбати садои аз қалбам бархоста, ки шояд аз таҷрибаи рўзгор гирифта шуда буд, эътироз намуда гуфтам ман.
“Пас он ҳама пинҳонкириҳои Парисоро сабаб чӣ буд?”- паст наомада бонги изтироб зад қалбам.
Шояд ў худ ба амалӣ гаштани сафари дар пешистодааш чандон боварӣ надошт? - Бовар намекунам.
-Далел. - Кунҷи нигоҳатонро тағйир диҳед.
- Кунҷи нигоҳро?
- Бале Новобаста аз он ки ману қалбам муддате дар сангарҳои муқобил маскан гирифта будем, ба хулосае омадам, ки дар замирам манфиати шахсӣ нест. Манфиати умум бошад, ҳамеша боиси дастгирист ва аз ҳамин лиҳоз яку якбора банда кунҷи нигоҳамро ба ҳодисаи дар кӯчаи Зарнисор рухдода сесаду шаст дараҷа тағйир додам…
Дар рўи монитори хотирам нуқтаи хурде падидор гашт ва ҳар қадар ў наздиктар меомад болои экрани мониторро бештар ба зери тасаруфи хеш медаровард.
Ҳамин нуқтае, ки таваҷҷуҳи маро ин қадар бекор намуда буд, бо кадом як сабаби номаълуме яку якбора ба қафо ҳаракат кард ва мисли ситорае, ки дар галактикаи бекарон аз чашм дур мешавад, аз экрани монитор берун шуд…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




