- Ҳарчанд ба андешаи Ҳусноро номи Хуршед Малик аз забони Парисо чун калимаи “бисмилоҳ” лаҳзае дур намонда.
“Гандумнамои ҷавфурўш”- гуфтам ман қариб бо овози нимшунаво ва ҳатто ҷавонзане, ки аз паҳлуям мегузашт, ин сухани бандаро шунида дар нисбати хеш онро таҳқир пиндошта, қариб ҷанҷол бардошта буд. Бо азобе он зани роҳгузарро ором намуда, ман бо дили ҳазин, ки сабабгори ранҷиши нафари бегуноҳе шуда будам, ба таксие нишастам.
Гумон намудам, ки таксӣ бо суръати хеш бандаро аз гирдоби андешаҳо раҳо мекунад, вале ҳамааш баръакс шуд. Фирори банда аз майдони набард шояд ба чашми рақибонам (андешаҳо дар назаранд) чун хиёнат намуд ва онҳо мани гурезаро мавриди таъқиби хеш қарор доданд…
Аз забони Ҳусноро фаҳмидам, ки дугонааш бо кадоме барои ба Дубай рафтан шартнома баста, мунтазири омадани виза будааст. Аз ин бармеояд, ки кор бе миёнрав ба вуқўъ напайваста будааст, пас он миёнарав кист?
Суръати баланди мошин имконият намедод, ки ман андешаҳои хешро дар як ҷо гирд оварам…
Ҳамагӣ ду ҳафта пеш дар дискотекаи “Вастан” Парисо аз сафари дар пеш истодааш дугонаашро огоҳ намудааст. Ў рози дили хешро на ба нафаре, ки дар замираш лона гузошта, балки бо дугонааш арзонӣ доштааст ва ҳатто дугонаашро хушдор сохтааст, ки ба хотири ин сафар тайёр аст…
-“Сар амон бошад, тоқӣ ёфт мешавад.” Ана ёбу гир.
Пас маълум мешавад, ки Парисои Ҳотам тайи ҳамин ду ҳафта дар куҷое ба хато роҳ додааст. Ду ҳафта … Ду ҳафта пеш Хуршед Малик корди худсохташро, ки дар он номаш ҳаккокӣ шуда гум намудаст. - Ду ҳафта пеш Парисо ба “Вастан,” ба он ҷое ки ҷойи рақсу бозии бойбачаҳо ва хориҷиёни пулдор аст, рафта бо касе аз дугонааш пинҳонӣ ба андешаи кунунии банда вохўрдааст ва чун дугонааш сабаби ғайб задании вайро пурсидааст, сирри ниҳони хеш берун оварда…
Ду ҳафта.
Ду ҳафтаи тақдирсоз.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




