Сипас ман ба ў гапҳои пасту баланд гуфтам ва ҳатто чанд мисоле ҳам овардам, ки бахташро пеши мо назанад, вагарна пирдухтар мемонад.
- Парисо чӣ гуфт?
- Гуфт сар амон бошад, тоқӣ ёфт мешавад. Ҳа, дар воқеъ, ана ҳамин дарвозаи хонаи мо, - гуфт Ҳусноро ва ҳатто маро ба як пиёла чой таклиф намуд. Ман узри бисёре пеш оварда, бо ў ва дугонаҳояш, ки акнун дар паҳлуяш рост шуданд, худоҳофизӣ намудам…
Ба ҷуз он ки тамоми шаб ман сари суҳбати сарироҳии хеш бо Ҳуснорои Раҳматулло майна об кардам, ҳатто дар оғози субҳи рўзи нав ҳам аз ин гирдоб берун омада натавонистам.
Ҳамчунин, ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки чӣ тавр нафаре, ки як маротиба аз рўи касби интихобнамудааш қариб ба чоҳ афтода буд, бори дуюм нияти аз ҳамин пайроҳа гузаштан намудааст. “Кӯзапуштро танҳо хоки гӯр рост мекунад!” Ба ин нидои аз ғайб ба гӯшам расида, эътирозе ҳам накардам. Охир чӣ ҳам мегуфтам ба сухани рост.
Парисои Ҳотам ба хотири бори дуюм раққоса шудан ҳатто тайёр будааст, ки муҳаббати хешро қурбон намояд. Чӣ қурбонии бузурге.
Ҳамааш шуда ба хотири он ки ҷисми хешро дар хориҷи кишвар дар пеши ҳар касу нокасе ба мадди назар гузорӣ, бехабар аз он ки гов дар мулки бегона чун гӯсола тобад…
“Сар амон бошад, тоқӣ ёфт мешавад” . Ин посухе ба ҳама он суханҳои пасту баланди Ҳуснорои Раҳматулло будааст, ки дугонаашро аз роҳаш гардонданӣ шуда.
“ Сар амон бошад…” Ҳамин як ҷумла тамоми шаб ва боз аз оғози рўзи нав дар гӯши банда чун путк садо медоду садо.
Ба пиндори кунунии банда муносибати раққосаи тўйгард бо Хуршед Малик на аз рўи муҳаббат, балки аз рўи мақоли халқии “шуд обӣ, нашуд лалмӣ” ба роҳ монда шуда будааст, вагарна чӣ тавр метавон муҳаббатро аз замири хеш бурун намудан?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




