- Аз таҷрибаи хеш мегўям, ки раққоса будан чандон хуб нест.
- Чӣ хел таҷриба?
- Тайи як соли охир се нафар ба талаби банда бархестанд ва чун дафтари аъмоламро такурў намуда фаҳмиданд, ки замоне раққосаи тўйгард будам, муносибаташонро аз ман канданд, - оҳ кашида гуфт мусоҳибам.
- Бовар намекунам.
- Ихтиёратон, вале бояд гўям, ки назари мардони дигар мамолики дунё низ дар нисбати онҳое, ки ҷинси латифашон мегўянд, айнан чунин аст.
-Чӣ, шумо дар дигар мамолик ҳам будед?
-Чанд моҳе дар Русия будам, дар қаҳвахонае косашўй шуда кор мекардам. Ҳатто аз забони русҳо ҳам, боре як сухани таҳқиромез шунидам. - Сухани таҳқиромез?
- Бале, охир шумо шарҳи дигари онро ёбед, банда як зиёфат қарздор.
-Шояд шунавем. - “С женщиной приятно иметь дело, до тех пор пока её мало знаешь!”
- Ин ҳақиқат аст, на таҳқир.
- Чӣ хел ҳақиқат?
- Марде, ки пойбанди муҳаббат мегардад, гузаштаи занро набояд ҷўё шавад. Ҳатто мо тоҷикон як мақоли хубе ҳам дорем “асп дар таги пойи худам налангад…”
- С Вами не соскучишься.
- Шояд мо аз мавзуи асосӣ каме дур рафтем.
- Намедонам.
- Хуршед Малик моро бовар кунонид, ки Парисо боре ба ў гуфтааст, ки “ба наздики соҳиби кори нағзе мешавад ва аҷаб нест, ки ҷудоии на чандон тўлоние онҳоро дар пеш аст”.
Мехостам бифаҳмам, ки ў дар ин бора ба шумо ягон чиз гуфта буд ё не? - Ҳамон шаб дар дискотека баъди бозгашташ аз берун гуфт, ки нафаре маро чун раққоса ба Дубай таклиф намудааст ва дар ин бора ҳатто байни вай ва спонсор шартнома имзо шудааст. Бояд ҳамин шабу рўз виза биёяд. Ман пурсидам, язнамуллое, ки номаш ҳамеша чун калимаи бисмилоҳ вирди забонат мегардад, аз ин шартнома огоҳ ҳаст ё не Парисо ҷавоби инкор дод.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




