- Аслан мо ҳарду дар як вақт бо таклифи ҳофизе ба як тўй рафтем.
- Чун тамошобин?
- Не, чун раққоса.
- Ман шуморо гуш мекунам.
- Тақдири ҳардуи мо қариб, ки як будааст, бинобар ин тез бо ҳам унс гирифтем ва роздони ҳамдигар шудем.
- Пас чаро шумо аз пешаи раққосагӣ даст кашидед?
- Ҳамаи инро ҳам сабаб Парисо шуд, чун ўро тағою бибиаш аз ин кор боздоштанд, таваҷҷуҳи банда низ ба раққосагӣ хунук шуд ва тариқи як шиносам, ки бо раиси ороишгоҳи “Мижгон” шинос будааст, ба ҳайси шогирдӣ ба кор даромадам ва чанд моҳ аст, ки худам мустақилона кор мекунам.
- Андешаҳои Парисо дар бораи домодшаванда чӣ хел буд?
- Мусбӣ, маҳз ҳамин ҳолат сабаб шуд, ки банда дирўз аз болои вай ба ягон ҷой шикоят накардам.
-Оё шумо гуфта наметавонед, ки чаро Парисо бо ҷавони ҳамсинну соли худаш не, балки бо нафаре, ки аллакай як никоҳро дида буд буд, дил додааст. - Ҳар кас имконияти худро танҳо худаш медонад. Ман гумон мекунам, ки Парисо дар интихоби рафиқи ҳаётӣ аз рўи имкониятҳои доштааш амал намудааст.
- Ман дуруст шуморо нафаҳидам.
- Чияш нофаҳмост?
- Ҳамааш.
- Аз рўи шариати ислом мардон дар интихоби рафиқи ҳаётӣ имконияти бештаре доранд, вале мо аз чунин имконият қариб, ки маҳрумем.
- Ин танҳо андешаи худи шумост.
- Фарз кардем, шумо розӣ шуда метавонед, ки ҳамсаратон раққосаи тўйгард бошад?
- Намедонам.
- Дурусттараш розӣ шуда наметавонам гўед.
- Яъне, раққоса будан чандон хуб нест?
- Пештар ман чунин намеҳисобидам, вале акнун…
- Акнун чӣ?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




