Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 266 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 266 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Бори охирин Парисоро кай дида будед?

  • Ду ҳафта пеш.
  • Дар куҷо?
  • Дар ҳамин толоре, ки ман кор мекунам.
  • Ў баҳри ороиш омада буд.
  • Намедонам, ба ҳар ҳол ў мўю рўи хешро ба тартиб даровард.
  • Баъд чӣ шуд?
  • Ў ҳам чун шумо дар охири кор омада буд ва баъд мо ҳарду дар кӯча хеле қадам задем ва сипас бо таклифи ў ҳардуямон ба дискотека рафтем.
  • Ба дискотека?
  • Ҳа, ба дискотекаи “Вастан”.
  • Ҳарчанд ман медонистам он дискотека дар куҷост, вале барои муайян кардани асли воқеа гуфтам, ки бори аввал чунин номро мешунавам.
  • “Вастан” дар паҳлуи рости театри Лоҳутӣ воқеъ аст.
  • Шояд ҳамаи инро сабаб он аст, ки ман боре ҳам дар дискотека набудам.
  • Ин чандон боиси таассуф ҳам нест.
  • Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, дискотека ба шумо чандон маъқул нест.
  • Инаш рост, вале ман таклифи Парисоро шикаста натавонистам.
  • Ўро дар он ҷо коре буд?
  • Намедонам, вале қарибиҳои соати бисту се Парисо аз ман узр пурсида ба берун рафт ва танҳо баъди бист дақиқа баргашт. Ман пурсидам, ки чаро ў танҳо рафт. Хандида гуфт, ки омадани язнаатро интизор будам, вале ў наомад.
  • Бовар кардед?
  • Ҳамон вақт ҳа, вале чун дирўз язнаро дидам, андешаҳоям дигар шуданд.
  • Чанд вақт бо Парисо робитаи дўстӣ доштед?
  • Қариб се сол.
  • Вохўрии аввалинатонро ба ёд оварда метавонед?
  • Албатта.
  • Шуниданаш мумкин.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан