Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 265 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 265 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Дар бораи ў аз забони Парисо суханони неке шунида будам.
  • Яъне ки Парисо ба ў боварӣ дошт.
  • Истед, ман шуморо дар куҷое дидаам? - ба ҷои ба саволам посух додан пурсид Ҳусноро.
  • Шояд дар ҷаноза?
  • Ҳа, ман имрўз шуморо дар ҷаноза дидам, хайрият худ ба ёд овардед, вагарна чӣ қадар гумонҳои ботиле дар сари ман чарх мегашт.
  • Вале, ман Хуршед Маликро он ҷо надидам.
  • Ў ҳам он ҷо буд.
  • Хуршед чаро бо шумо ҷанҷол кард?
  • Ў донистан мехост, ки Парисоро чӣ фикру хаёле дар сар буд, ки мегуфт: - “Ба наздикӣ ман соҳиби кори хубе мешавам ва аҷаб нест, ки ин боиси муддате ҷудоии мо нагардад.”
  • Шумо чӣ посухе гуфтед?
  • Ман гуфтам, ки намедонам ва ҳамин як сухан боиси ҳамдигарнофаҳмии мо гардид.
  • Ў шуморо ранҷонид?
  • Чӣ гўям?
  • Росташро.
  • Ман метавонистам аз болои ў ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят намоям, вале ба хотири осудагии рўҳи Парисо ин корро накардам.
  • Мо бошем, иттилоъ гирифтем, ки барои нуфузи корхона ин корро накардаед.
    -Сафсата, ҳамааш сафсата, ман худам нахостам, вагарна раисамон худаш милисро ҷеғ мезад.
  • Шумо ба ҳодисаи рухдода чӣ баҳо медиҳед?
  • Аҷиб.
  • Чияш аҷиб?
  • Он чи ки шумо дар ин бора фикри кадом як ороишгареро донистан мехоҳед.
  • Шумо ороишгари одӣ не, балки дугонаи Парисо будед ва гумон мекунам дар бораи розу асрори ў бисёр чизҳоро медонед.
  • Замоне мо роздони ҳамдигар будем, вале баъдтар чархи зиндагӣ чунон гардиш хӯрд, ки мо гоҳ - гоҳ вомехўрдем.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан