- Ин ман, - баробари шунидани номаш овоз рӯшан намуд яке аз онҳо. Дигарон ҳам аз ҳаракат боз монданд, то бубинанд чӣ касе дугонаи онҳоро дар ин ними шаб интизорӣ дорад.
Бандаро ба ҷуз муаррифӣ ва нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ дигар чорае намонда буд. - Чӣ магар ман ягон гуноҳ содир намудам? - пурсид Ҳусноро, ки дар ҳақиқат ҳам арзандаи номаш буд. Ҳарчанд ў духтари баландқомат ҳам набуд, вале қаду қомати мавзун ва чеҳраи зебое дошт.
- Ман дар бораи моҷарои дирўза пурсидан мехостам.
- Агар мо даъвое медоштем, дирўз ба милиса муроҷиат менамудем, - ба суҳбати мо ҳамроҳ шуда гуфт яке аз он нафароне, ки ҳамроҳи Ҳусноро омада буд.
- Агар милиса бошеду гапатон бошад, метавонед фардо ўро ба милиса ҷеғ занед, - ба суҳбат ҳамроҳ шуд нафаре, ки дар синну сол аз ҳамаашон калонтар менамуд.
- Хоҳиш мекунам… - ба тарафи ҳамкоронаш нигариста гуфт Ҳусноро ва ҳамин як калима қариб ки забони ҳардуи “иғвогар”-ро бубаст.
Сипас ў ба тарафи ман рў оварда гуфт: - Мо ҳама ба самти Кӯҳдоман меравем ва агар ба саволҳои хеш посух гирифтан хоҳед марҳамат ҳамроҳи мо қадам занед, вагарна ман танҳо мондан наметавонам. Чун бандаро роҳи дигаре набуд, таклифи ўро пазируфтам. Сипас дугонаҳои Ҳусноро имконият доданд, ки ману ҳамкорашон дар масофаи даҳ – дувоздаҳ метр аз онҳо пештар ҳаракат намоем. Чун мо ба роҳ баромадем, ман матлаби аслии хеш баён намудам. - Хуршед инсони бад нест ва шахсан ман аз ў хафа ҳам нестам.
-Баъди ҳама он моҷаро? - Дигар кас ҳам ба ҷойи вай мебуд, шояд чунин рафтор мекард.
- Яъне, ки шумо шиноси деринаед?
- Не, дирўз ман ўро бори аввал дидам.
- Пас чӣ тавр хулоса баровардед, ки ў инсони бад нест.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




