- Набошад дар ихтиёри банда боз на камаш аз ду соат вақт ҳаст, - ба соати болои дари дафтари кори Наврўз Умар нигариста гуфтам ман.
- Бале.
Ман бо сардори бахш худоҳофизӣ намуда баромадам.
Албатта, дар нисфи шаб пурсиши расмии ороишгар чандон муҳим набуд. Бинобар ин, ман ба дафтари кориам даромада диктофони хурдакаки тамғаи “Сони”-ро бо худ гирифта аз дар баромадам.
То толори ороишии “Мижгон” ҳамагӣ барои марди пиёдагард бист-биступанҷ дақиқа роҳ буд. Ман бошам, дар ихтиёри хеш ду соат вақт доштам. Чун шом фаро мерасид, ман сари қадам ба қаҳвахонаи “Орзу” даромадам. Ҳамагӣ ним соат пеш аз вақти тамомшавии кори толори ороишии “Мижгон” ман қаҳвахонаи “Орзу”- ро тарк намудам… Сипас оҳистаоҳиста ба самти толори ороишие, ки дирӯз Хуршед Малик дар он ҷо муноқиша барпо намуда буд, қадам задам. Мехостам бо Ҳусноро на дар ҷойи кориаш, балки дар алоҳидагӣ суҳбат намоям…
...9...
Муддати на беш аз панҷ - шаш дақиқа ман дар масофаи панҷ-шаш метр аз толори ороишии “Мижгон” интизори баромадани ороишгарон шудам. Сараввал аз толор ду зани тахминан чил-чилупанҷсолае берун омаданд. Сипас, духтароне, ки бист-бистудусола буданд аз дар баромада ба самти муқобил ҳаракат намуданд ва банда маҷбур шудам, ки ду - се қадам аз қафои онҳо гузошта гулӯ рӯшан намоям.
-Ҳусноро аз қафост, - матлаби бандаро шунида гуфт яке аз онҳо. - Ташаккур, - гӯён боз ба ҳамон мавқеи паштараам баргаштам.
Ниҳоят, чароғҳои толор хомўш шуданд ва боз чор нафар аз он манзил пой бар остона гузоштанд ва чун онҳо ба ҳамон самте, ки ман интизорӣ доштам, қадам заданд, лаҳзае чашм ба онҳо дӯхтам, вале нафаҳмидам, ки кадоми онҳоро интизорӣ дорам. Чун онҳо аз пеши ман гузашта ба самти дигари роҳ нияти гузаштан намуданд, ба қавле аз хандақ берун омада, номи нафареро ба забон овардам, ки ба хотири диданаш дар ин шаби на чандон сарди моҳи январ омада будам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




