- Хуршед Маликро?
- Ҳа.
- Не, ўро надидам.
- Чӣ ў нарафта буд?
- Шояд рафта бошад, ба ҳар ҳол ман ўро надидам.
- Ба фикрам, ў худаш ба тадқиқот пардохтааст.
- Далел?
- Дирўз дар толори ороишии “Мижгон” ў бо Ҳусноро ном коргари толори мазкур муноқиша барпо намудааст. Тасаввур намоед, ки мардро чӣ корест дар ороишгоҳи занона.
- Шояд сабаби муноқишаи ў дигар чиз аст.
- Гумон намекунам.
- Сарчашмаи ахбор?
- Мо дар толори мазкур чашму гӯши хешро дорем.
- Агар намедоштем чӣ?
- Дар он сурат аз рафти воқеаҳо бехабар мемондем.
- Пас чаро муноқишаро дидаву милисаро ҷеғ назаданд?
- Нахостанд болои корхонаи хеш ғубор афкананд.
- Чӣ хел ғубор, модоме ки муноқиша бе ягон асос сар задаст.
- Мо ҳоло гуфта наметавонем, ки муноқиша бе асос сар задаст, модоме ки чунин аст, пас дар бораи авбошӣ сухан гуфтан нашояд. Оё беҳтар нест, ки ҳамин ҳолатро мо ба манфиати кор истифода барем.
- Намедонам.
- Андеша намоед!
- Шумо чӣ пешниҳод доред?
- Ман мехостам, ки ҳарчӣ тезтар шумо бо ҳамон бонуи ороишгар вомехўрдед. Албатта, ман худам ҳам метавонистам ин корро анҷом диҳам, вале чун “намояндаи” мо он ҷост, намехоҳам ғубореро болои сари вай орам.
- Ў намояндаи расмист?
- Бале.
- Набошад, ман розӣ.
- Метавонед аз ҳамин лаҳза аз пайи кор шавед.
-Дер нашудааст? - Толор то соати 20 кор мекунад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




