- Шумо аллакай як маротиба ба хато роҳ додед ва ана оқибаташро ҳам дида истодаед, - паст наомада гуфт муфаттиш.
- Чӣ хел хато?
- Рафту дар вақташ шумо ҷиянатонро насиҳат намуда, ба хонаи падараш бозмегардонидед, шояд имрўз ашк намерехтед, ҳарчанд таноби умри одамӣ дар дасти худованд аст.
- Ин кас, ки бо духтараш созиш карда натавониста бошад, гуноҳи мо чист?
- Гуноҳи шумо он аст ки ба ҷойи алангаи оташи ҳанўз фурӯзоннашударо хомўш намудан болояш равған рехтед.
-Шуморо нафаҳмида истодам, - қариб ки шўрида рафт Собири Вайс. - Шумо ҳамаашро мефаҳмед ва ман хоҳиш мекунам, ки шӯру мағал набардоред, вагарна дасти қонун дароз аст. Ҳоло мо ҷисми Парисоро ба таври расмӣ ба дасти падараш медиҳем ва рафту агар шумо заррае овозатонро баланд намоед, пас аз худатон гила намоед. Маро фаҳмидед!
- Охир, шумо фикри модари пири маро намекунед.
- Ҳеҷ кас на роҳи шумо ва на роҳи модаратонро нагирифтааст, ки дар ҷанозаи ҷиян ва набера иштирок накунед. Ба модаратон ҳаминро дурусттар фаҳмонед.
- Ман кўшиш мекунам.
- Бисёр хуб, акнун метавонед ҷисми Парисоро ба хонаи падараш гирифта баред...
...8...
Баъди маросими видоъ бо Парисои Ҳотам қарибиҳои намози аср ман боз ба идора омадам. Чун аз навбатдор фаҳмидам, ки тайи як рўз ба ҷуз сардори бахш касе дар суроғи банда набудааст, рост ба дафтари кории Наврўз Умар рафтам. - Бедарак шуда рафтед, - баробари пой ба остона гузоштан изҳори нигаронӣ намуд Наврўз Умар.
- Дар ҷаноза будам.
- Ман медонам.
- Аз куҷо фаҳмидед?
- Чун шумо барнагаштед, ман ба прокуратура занг задам ва аз муфаттиш ба саволҳои хеш посух гирифтам.
- Ман аз ташхисгоҳи тиббӣ - судӣ рост ба ҳамон ҷо рафтам.
- Дӯстамонро дидед?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




