Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 260 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 260 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Даъвои ин касро гўш накунед, гуфта аз байни издиҳом ҷавонмарди сӣ-сиюпанҷсолае ба сўи мо омад.
  • Боз инаш кист? - ба сўи ман нигариста пурсид муфаттиш.
  • Ба фикрам, тағояш.
  • Ман намегузорам, ки ин кас мурдаи ҷиянамро ба хонааш барад, - бо ангушташ ба тарафи Ҳотам Ёқуб ишора намуда гуфт мусоҳиби нави мо.
  • Инашро қонун ҳал мекунад, - гуфт муфаттиш ба сўи дари даромадгоҳи бино ҳаракат намуд.
  • Гўш кун, бародар, то кунун касе ин касро (ман ҳам бо ангуштам ба тарафи падари Парисо ишора намудам) аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум накардааст ва хуб мешуд, ки шумо иззати хеш нигоҳ медоштед, - гуфта ман низ аз қафои муфаттиш ба сўи дари даромадгоҳи бино рафтам.
    Лаҳзае пас мо ба утоқи кори ташхисгари тиббӣ - судӣ Ҷонибеки Неъмат ворид шудем. Муфаттиш ҳамоно сари мақсад омада гуфт, ки агар натиҷаи ташхис тайёр бошад...
    Ҷонибеки Неъмат сухане ба забон наоварда, аз байни ҷузвдони коғазине чанд саҳфаеро ба чопи компютерӣ берун оварда, ба дасти муфаттиш дод.
    Саодати Назар, танҳо ба саҳифаи охирини он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баъди қироати қисми хулосавии ташхис онҳоро ба дасти ман дода гуфт, ки ба ташхисгар дигар суоле надорад.
    Сипас баъди хондан ман он коғазҳоро дубора ба дасти ташхисгар додам ва ў тугмачаеро пахш намуд. Лаҳзае пас котиба, дарро кушода интизори амри сардораш шуд.
  • Ҳанифабону, ин когазҳоро дар дафтари содирот ба қайд гиред, -гуфт Ҷонибеки Неъмат ва котиба коғазҳоро аз дасти шефаш гирифта аз дар баромад.
  • Боз чӣ хизмат? - пурсид ташхисгари тиббӣ-судӣ.
  • Мо мехостем бо падар ва тағои маҳрум дар ҳамин дафтари кории шумо суҳбат намоем, - гуфт муфаттиш.
  • Марҳамат.
    Бо хоҳиши муфаттиш ман ба берун рафта Ҳотам Ёқубу додарарўсашро ба дафтари кории Ҷонибеки Неъмат даъват намудам.
  • Ман ҷиянамро худам ба роҳи охирин гусел мекунам, - тӯтивор такрор мекард тағои Парисо – Собири Вайс.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан