Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 259 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 259 аз 527 · 2 ноябри 2026

Сари ҳамин андешаҳо ман пой ба остнаи бинои прокуратура гузоштам.
Дар ҳоле ки ман вориди даҳлези бино шудам, аз ошёнаи дуюм Саодати Назар ба поён мефаромад.
-Акбар Ҳакимович, каме дертар омадед, - гўён муфаттиш бандаро ба дафтари кории хеш даъват намуд.

  • Агар мефаҳмидам, ки чунин зарурияте пеш омадааст, ҳатман ба таксӣ менишастам.
  • Пас пиёда омадед? - пурсид муфаттиш дари дафтари кориашро кушоду истод.
  • Ҳа, пиёда.
    -Ҳаминаш беҳтар аст, - гуфт Саодати Назар ва бо ишораи даст курсиеро баҳри нишастани банда нишон дода худ паси мизи кориаш нишаст.
    Дар замоне, ки муфаттиш сейфи оҳаниро мекушод, ман сабаби чунин даъвати ногаҳонии хешро пурсон шудам.
  • Ба мурдахона рафтан лозим, то ба нафаре ки тайи се сол ёди фарзанд накардааст, акнун тамоми роҳу воситаҳоро истифода бурда, қарзи падариашро иҷро кардан мехоҳад ёрӣ диҳем. Шеф бандаро барои ҳамин ба наздаш хонда буд.
    Имшаб кадом калоншавандае аз сатҳи боло ба вай занг зада хоҳиш намудааст...
  • Магар падари Парисоро пурсидан лозим нест?
  • Аз рўи иттилои гирифтаи шеф дирўз дар милиса вайро пурсиданд.
  • Мо ҳамин хел бе протокол суҳбат намудем.
  • Боке нест. Муфаттиш чанд варақеро аз сейф гирифта, ба ҷузвдони чармин гузошт ва мо ҳарду аз ҷой бархостем…
    Дар пеши дарвозаи ташхисгоҳи тиббии судӣ мардумони зиёде гирд омада буданд. Ҳангоме ки мо аз таксӣ фаромадем, аз байни он издиҳоми гирдомада Ҳотам Ёқуб берун омада, ба сўи ману муфаттиш чанд қадам гузошта салом дод.
  • Ҳотами Ёқуб, - худро муаррифӣ намуд мусоҳиби мо.

34 Рақси бисмил – рақсест, ки раққоса дар вақти бозӣ бо ҳаракатҳои худ ҳолати мурғи гарданбуридаи ҳанўз ҷонаш набаромадаро нишон медиҳад…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан