Дар бобати рақси дигар миллатҳо, аз ҷумла «Валс», «Танго», «Сиганка» рақсҳои миллии мо беҳтарин рақсҳоянд, чунки дар онҳо хусусиятҳои шарқӣ дар мадди аввал меистад ва раққоса ҳам бояд аз доираи одоб берун нашавад, аммо...
Гул бе хор намешавад, гуфтагӣ барин, баъзе раққосаҳои тўйгард аз доираи одоб берун мебароянд ва доғи сиёҳеро дар пероҳани ҳамаи ҳампешаҳои хеш мегузоранд.
Боре ҳангоми истироҳат дар истироҳатгоҳи “Пушинас”-и шаҳри Палангаи Ҷумҳурии Литва дўстони литвонии мо чанд нафар сокинони дигар ҷумҳуриҳоро барои тамошои маркази санъати миллии хеш “Варитей32” даъват намуданд.
Агар банда мефаҳмидам, ки “Варитей” чӣ хел рақсу раққосаҳоро ба мадди назари тамошобин мегузорад, асло пой ба он маҳфил намегузоштам, чунки рақсҳое, ки дўстони литвониамон аз тамошои он ҳаловат мебурданд, дар чаҳорчўбаи одоби шарқиёна рост намеомад…
- Ин ҷо бошад… Падар аз раққоса шудани духтараш ба ғазаб омада, қиёматро ба по хезонида. Модарарӯс набераро аз роҳи “бад” пас гирифта…
Бехабар аз он ки танҳо як рақси “Эй санам!” қариб таваҷҷуҳи аз шаш як ҳиссаи аҳолии курраи заминро ба худ ҷалб намуда ва бо зебогии хеш ҳунари миллиро дар дили миллионҳо тамошобин гузошта.
Албатта, раққосаи тўйгардро дар радифи раққосаҳои касбӣ гузоштан хатост, вале дар байни онҳо низ «худрўйҳо»33 ҳаст ва бешаку шубҳа метавон гуфт, ки онҳо низ метавонанд бо ҳунари хеш дар қатори соҳибмактабҳо парчами миллиро баланд бардоранд…
Ҳотам Ёқуб нуқтаи назари хешро дирўз бар он гуфт, ки сабаби марги Парисоро аз рўи ҳамон ҳунари аввалааш ҷустан лозим. Ба андешаи падар танҳо рақс боиси марги духтараш гашта. Ҳарчанд мо ба андешаҳои қиблагоҳи Парисо розӣ нашудем, вале бар хилофи он андешаҳо низ далеле пеш оварда натавонистем. Пас агар андешаи падар ба ҳақиқат наздиктар
32 Варитей - маркази дилхушӣ дар давлатҳои соҳили Балтика.
33 Худрўй – самородок (истеъдоди худодод) аст, рақси охирини Парисоро дар чаҳорчўбаи илми санъатшиноси “рақси бисмил”34 ҳам гуфтан равост…





