Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 257 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 257 аз 527 · 2 ноябри 2026

Дар ҳоле ки мо тайёрии ба назди сардор даромаданро доштем, навбатдор бо занги телефонии хеш бандаро аз байни андешаҳои мухталиф берун овард. Чун гӯшакро бардоштам, ў супориши сардори ШКД Воҳид Камолро бе каму кост ба гўшам расонд, ки матлаби асосиаш ҳарчӣ тезтар ба прокуратура рафтан буд…
Баъди панҷ дақиқа ман аз бинои милиса берун шудам. Чун намедонистам, ки сабаби ба прокуратура ҷеғ заданам дар чист, сари суҳбати дирўзаи хеш бо падари Парисо роҳравон андеша намудам. Аслан Ҳотам Ёқуб бандаро бовар кунонид, ки собиқ модарарӯсаш раққосаи тӯйгард шудани набераашро написандидааст.
Дирўз, айнан дар ҳамин вақту соат, баъди рафтани Хуршед Малик байни мо ва муфаттиши прокуратура дар атрофи кори, Парисо, ки Хуршед Маликро аз он хабардор намуда, ҳамзамон нагуфтааст ки он чӣ корест, баҳсу мунозираи тӯлоние сурат гирифт. Саодати Назар моро бовар кунонид, ки ба андешаи вай он коре будааст, ки мақбули Хуршед Малик шуда наметавонистааст. Дар ҳамин радиф муфаттиш бо саволе ба мо муроҷиат намуда пурсид, ки рафту ҳамсарони мо ба коре даъват шаванд, мо ба кадом намуди кори онҳо розӣ намешавем.
Дирўз мо ба ин савол ҷавобе гуфта натавонистем, вале баъди вохўрӣ бо Ҳотам Ёқуб то ҷое ба он ҷавоб ёфтем…
Дишаб пеш аз хоб ҳамин масъала таваҷҷуҳи маро аз нав бедор кард ва баҳри посух ёфтан ба он «Фарҳанги забони тоҷикӣ»-ро ба даст гирифтам. Ҳотам Ёқуб аз раққоса шудани духтараш изҳори нигаронӣ намуда буд ва ба вартаи ҳалокат расидани ўро низ аз рўи ҳамин амалаш медонист. Банда дар китоб калимаи «Рақс»- ро, ки аслан чунин мазмун доштааст “бозӣ, усул ва ҳаракатҳои мавзун ва махсуси дасту по ва бадан, ки дар зери савту наво ба амал меояд,” дарёфтам.
Дишаб сари ин масъала бисёр андеша намудам. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки мардум тамошои рақсро хеле ҳам хуш доранд ва ҳатто ягон маъракаи хешро бе рақсу бозӣ тасаввур карда наметавонанд, вале …
То кунун ҳастанд нафароне, ки аз раққоса шудани хешу ақрабои хеш шарм медоранд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан