- Қариб буд, ки аз рўи як кайк шуда хонаро оташ сар диҳӣ…
- Маро бубахш…
- Далеру Абдумаҷид канӣ?
- Онҳоро барои овардани нон ба бозорча фиристодам, чӣ дар роҳ онҳоро надидӣ?
- Не, ман дар истгоҳи рў ба рў фаромадам.
- Метавонӣ либосҳоятро иваз намоӣ. Ҳоло бачаҳо ҳам меоянд, то хӯроки шомро тайёр намуданам, бо онҳо суҳбат мекунӣ.
Ман дигар каломе ба забон наоварда, боз ба пешайвон рафтам ва пойафзоламро кашидаву борониамро ба либосовезак овехта, сипас ба хонаи хоб даромада, тағйири либос намудам… - Дишаб соатҳои 2330 дақиқа ман ба дафтари кориат занг задам, гӯшакро набардоштед? - вориди хонаи хоб шуда, гуфт ҳамсарам.
- Мо ба ҷои ҳодиса рафта будем.
- Пас чаро сари субҳ ба хона наомадед?
- Чунки аз пайи ҳодисаи дишаба будем.
- Дуздӣ шуд?
- Кош дуздӣ мешуд.
- Куштор?
- Бале.
Дар кушода шуд ва Далеру Абдумаҷид вориди хона шуданд. - Дада, дадаҷон, - гўён Абдумаҷид дастонашро кушода ба сўи ман омад ва ман ўро ба оғўш гирифтам. Аслан омадани Далеру Абдумаҷид анҷоми ҳамаи пурсуҷўйҳои модараш шуд.
То посе аз шаб гузаштан мо сари кору бор ва хониши Далер суҳбат намудем…
...7...
Ҳарчанд банда мисли баъзеҳо рӯзҳоро ба сабуку вазнин ҷудо намекунам, вале бояд иқрор шуд, ки оғози рўзи аввали ҳафта хотирмон набуд.
Ҳамаи инро шояд як сабаб буд, ин ҳам тайи сию чор соати баъди ҳодиса мо ягон гиреҳе ба даст оварда наметавонистем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




