Ў бо нигоҳи чун нурҳои рентгенӣ тезаш сар то қадами бандаро палмосид. Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки чанд моҳ пештар Анор ном пешхизмати тарабхонаи «Кайҳон» ранги лабони нозукашро дар куртаи сафеди банда баҳри ӯ чун “туҳфа” фиристода буд.31 Ҳарчанд мо ҳамон вақт сари ин масъала нуқта гузошта будем, вале дили ҳассоси модари Абдумаҷид то кунун осуда нашуда буд ва ҳар гоҳе банда шабона дар кор мемондам ва рўзи дигараш ба хона меомадам, рўирост ҳам набошад, нигоҳи “асроромези” ҳамсарро ҳис мекардам. Ин дафъа ҳам кам не, ғам не, ман қариб чил соат дар хона набудам ва чӣ тавр метавонист Наталья Василевна бе “нигоҳи пурасрори” хеш осуда шавад, вале ҳамин ҳолат ҳодисае рух дод, ки шояд боиси пушаймонии ў гашт.
Дар ҳоле ки ў ҳанўз ба суоли хеш ҷавоб нагирифта буд, бўйи равған ба машомамон расид. “Равған сӯхт”- гўён ҳамсарам ба тарафи ошхона рафт ва ҳамоно садояш баландтар шуду бандаро ба ёрӣ хонд.
Ман, ки ҳанўз пойафзоламро накашида будам, ба тарафи ошхона шитофтам ва дуди ғализеро дар болои дегу газ дидам.
Хайрият равғани дег чандон зиёд набудааст, вагарна бе ҷеғ задании мошини сӯхторхомўшкунӣ моро роҳи дигаре намемонд. Бо ҷаҳду талошҳои зиёде мо дар якҷоягӣ он алангаи оташро хомўш намудем.
- Маро бубахш, - ниҳоят нигоҳашро ба фарш дўхта гуфт ӯ.
- Барои кадом гуноҳат? - худро ба нодонӣ зада, пурсидам ман.
-Гўё намедонед. - Барои ҳамин деги оташгирифта?
- Не.
- Пас барои чӣ?
- Барои он ки дили ман ҳеҷ осуда намешавад.
- Аз чӣ?
- Аз ҳамон рангҳои дар куртаат оварда.
- Мо ҳамон вақт сари ин масъала нуқта гузошта будем, боз чӣ бало шуд?
31 Нигар ба романи Шарифбек Азизӣ “То реша дар об аст...” - Моргазида аз ресмони ало метарсад, мефаҳмӣ?





