Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 254 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 254 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Мо донистан мехостем, ки шумо аз ҳодисаи рухдода чӣ тавр огоҳ шудед?
    -Дар кӯчаи Зарнисор Сайрам ном зане, ки аз хешовандони мост ва дар хоҷагии комуналӣ кор мекунад, ба ман занг зада гуфт, ки ҳамин хел гапу хабарҳо.
  • Шумо ба кӯчаи Зарнисор рафтед?
    -Бале, ман худам то ба ошёнаи дувоздаҳум баромадам ва дари кулбаи Парисоро дидам, ки бо муҳри милиса маҳкам карда шуда. Ба чанд даре ангушт задам ва ниҳоят пиразане беру омада матлаби бандаро шунида гуфт, ки чӣ ҳодисае рух додааст. Ба фикрам, ў маро нашинохт вагарна дар нисбати маҳрум чунин суханҳои пасту баланд намегуфт.
  • Чӣ хел суханҳои пасту баланд?
  • Беҳтар аст, ки инро рафта аз худаш мепурсидед. Пиразан аз тарафи чапи хонаи Парисо маскан дорад.
    Мо боз ба чанд суоли хеш аз мусоҳибамон Ҳотам Ёқуб ҷавоб гирифта, бо ў худоҳофизӣ намуданӣ шудем.
  • Ман мехостам Парисоро худам бо роҳи охират гусел намоям, на тағояш.
  • Монеае нест. Шумо фардо субҳ ба прокуратураи ноҳияи Гулистон, ба назди муфаттиш Саодати Назар дароед, ҳалли ни қазия ба ў вобаста аст. Мо низ дар навбати хеш шуморо дастгирӣ хоҳем кард, - ваъда додам ман, - барои ин шуморо лозим, ки бо худ шиносномаатонро гиред.
  • Албатта.
  • Дар амони худо бошед, - гуфтам ман ва мусоҳибамро то пеши дар гусел намудам…
    ...6...
    Моргазида аз ресмони ало метарсад, гуфтагӣ барин, баробари пой ба остонаи хона гузоштанам, ин ҳикмати халқиро беихтиёр ба ёд овардам.
    Новобаста аз он ки ҳангоми пой ба остонаи хона гузоштан ман овоз рӯшан намудам, то ташвиши ҳамсарро зиёд накунам.
    Наталья Василевна равғани дар дег рехтаашро ба гӯшаи фармўшӣ дода, ба истиқболам баромад, то мабодо ҷурми ҷинояти бо худ овардаамро пинҳон насозам.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан