Ба қавли баъзе мардони рўзгордида “нонаш болои равған буд.” Тайи чанд моҳ ў аз ҳамин ҳисоб ба ҷиянаш ҳар моҳ боз дусад - сесад доллар мефиристод, то муҳаббати хешро ба ҷиян нишон диҳад, бехабар аз он ки бо ин амали хеш зиндагии ҷиянро ба боди фано хоҳад дод. Маҳз ҳамин ёрдампулиҳои тағо сабаб шуду дар атрофи Парисо ёру дўстони нав пайдо шудан гирифтанд. Дугонаҳои нав ёфт ва умуман бо ҷаҳони наве рў ба рў шуд. Соле пас ҳамдиёрон аз ҳилаву найранги Собир огоҳ гашта, аз ў рўй тофтанд ва бо ин амали хеш Парисоро ҳам аз ёфтани пули муфт халос намуданд. Парисо, ки муддате аз ҳисоби тағояш савлат ронд, баъди яку якбора қатъ гаштани ёрдампулӣ худро гум кард ва бо пешниҳоди кадоме аз дўстонаш раққоса шуд. Чун банда аз ин огоҳӣ ёфтам, хостам ўро аз роҳаш бозгардонам, вале суханонеро, ки аз забони фарзанд шунидам, мўйи баданам рост шуд. Акнун ў он Парисо набуд, ки соле пештар аз хонаи падар фирор намуда.
Чун Парисо раққосаи тӯйгард шуда буду аз ин амалаш модарарўсам хабаре надошт, бандаро ба ҷуз боз як маротибаи дигар ба назди ў рафтан илоҷе набуд…
- “Ин гуноҳи мост, ки ўро хӯрондему пӯшондем. Ту падар шуда чӣ кореро анҷом додӣ?”
-Ҳар он чӣ ки аз забони модарарўсам шунидам, аз такрор намуданашон шарм медорам. Ман аз хонаи Собир бо дили ҳазин баромадам, вале ҳафтае пас шунидам, ки Парисо муносибаташро аз он гурўҳи “созию овозии тӯйгард” кандааст. Намедонам суханони банда ба ў таъсир намуданд ё суханони бибиаш, ба ҳар ҳол ман гумон мекунам, ки саҳми собиқ модарарўсам дар ин кор бештар аст. - Баъд чӣ шуд?
Ҳотам Ёқуб пиёлаи чойи кайҳо хунукшударо ба лаб бурда, то қатраи охирин онро ба ҳалқ рехт ва пиёлаи холишударо ба тарафи лейтенанти милиса Ҷомии Шариф дароз намуда, ба суханаш идома дод:
-Баъди ин боз шояд бо ёрии ҳамон ёру дўстонаш дар яке аз нуқтаҳои савдои бозори «Корвон» ба ҳайси фурўшанда ба кор даромадааст ва соле бо ҳамин касб зиндагӣ намуда, муддати чанд моҳи охир ў дар ягон ҷо кор намекард. То ҷое ки банда иттилоъ гирифтам, тайи се - чор моҳи охир ў бо Хуршед ном ҷавони аз худаш дувоздаҳ сол калонтар, ки аз ҳамсараш ҷудо шуда будааст, муносибати дўстона доштааст…





