Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 252 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 252 аз 527 · 2 ноябри 2026

Баъди як соли фавти ҳамсарам бо хоҳиши ёру дўстон ман дубора хонадор шудам. Ин рафторам аз Парисо дида хушдоманамро руҳафтодатар кард ва ў бо ҳар баҳона ману ҳамсари навамро дар пеши чашми яккафарзандам қариб, ки чун фашист арзёбӣ намуд…
Баъди панҷ моҳи хонадории мо Парисо аз хонаи падар ба якборагӣ фирор кард. Ман бисёр кӯшидам, ки ўро бозгардонам, вале ҳамааш бе натиҷа. Ман ҳатто тайёр будам, ки ба хотири ў аз ҳамсари навам ҷудо шавам, вале чун фаҳмидам, ки ҳамсари дуюмам сарторик шудааст, астағфируллоҳ гуфтам…
Чун собиқ хушдоманам бандаро чашми дидан надошт ва шояд марги духтарашро низ аз Худои таоло нею аз ман медид ва аҷаб набуд, ки бандаро дар чашми духтарам қотили модараш арзёбӣ накарда бошад, ман дар ин бора бо тағои Парисо, ки ҳамон шабу рўз аз Русия омада буд, суҳбат намудам. Суҳбати банда бо Собир (тағои Парисо) акси садо дод. Ба ҷои он ки ў бо модар ва ҷиянаш суҳбат намояду Парисоро ба хонаи падар баргардонад, ба маслиҳати модараш баҳри ҷияни яккаву ягонааш аз пулҳои аз Русия овардааш дар кӯчаи Зарнисор ба ивази ҳаштсад доллар як ҳуҷраи якхонагӣ харида дод ва бо ин амали хеш бандаро якумрӣ аз фарзандам ҷудо намуд.
Ҷомӣ чойҷўшро аз ноқилҳои барқӣ ҷудо намуда, ба чойники қирмизӣ чой дам кард ва сипас ба се пиёла чой рехта, якеро назди худ, дигареро ба пеши Ҳотам Ёқуб ва сеюминро назди ман гузошт.
Ҳотам Ёқуб боз изҳори сипос намуда, аз пиёлаи дар пешаш буда як қулт чой нўшиду ба суханаш давом дод:
-Ман аслан аз собиқ модарарўсам хафа ҳам нестам, вале рафтори Собирро бахшида наметавонам.

  • Сабаб?
  • Ман аллакай асли воқеаро гуфтам, вале ин ҳанўз анҷоми кор набуд. Ҳамон шабу рўз Собир дар кадом як ташкилоти сохтмоние дар вилояти Иркутски Федератсияи Русия ба ҳайси бригадир ё шояд миёнарав кор мекард ва бо роҳи фиреб аз ҳисоби кори ҳамватанонаш ба фикрам як савлате дошт.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан