- Ташаккур! - гуфт Ҳотами Ёқуб пиёларо ба даст гирифта як ё ду қулт об нўшида, сипас пиёларо, ки ҳанўз об дошт, ба як гўшаи миз гузошта, боз ҳамон суханашро такрор намуд:
- Ин ҳамааш гуноҳи ман аст, гуноҳи ман.
- Ин ҳамааш тақдири илоҳӣ аст, аз тақдир бошад, роҳи гурез нест.
- Се сол аст, ки ў бо мо набуд.
- Беҳуда худро маззамат накунед.
Ҷомӣ чойҷўшро ба ноқилҳои барқӣ пайваст намуда, омада дар рў ба рўи Ҳотами Ёқуб, дар тарафи дигари миз нишаст. - Ҳамаи ин ҷудоиҳо моро, танҳо як сабаб буд.
- Мо гӯш мекунем, марҳамат гап занед. Дарду алами одамро одам мебардорад. Шояд баъди ғаму андуҳро аз дил берун намудан худро каме сабуктар ҳис намоед, - гуфтам ман.
-Дарду алами Парисо дигар то рўзи қиёмат зудуда нахоҳад шуд. - Мо шумо ва дарди шуморо дарк мекунем, гумон накунед, ки дили мо аз санг аст.
- Сипосгузорам, - гўён ў боз он пиёлаи дар гӯшаи миз гузоштаашро ба даст гирифта, оби дар он бударо то ба охир нӯшид ва пиёларо дуюмбора рўи миз гузошт гуфт: - Чор сол пеш модари Парисо аз олам гузашт. Он вақт Парисо понздаҳсола буд. Бояд гуфт, ки Парисо фарзанди яккаву ягонаи хонадон буд ва мо ўро дуруст тарбия карда натавонистем. Ин хулосаи кунунии ман аст. Чун Парисоро бо роҳи ҷарроҳӣ аз батни модараш бурун оварданд, мо дигар фарзанддор нашудем. Мо ҳама нозу карашмаи ўро мебардоштем. Худораҳматии қиблагоҳам, ин амали бандаро дида борҳо сарзанишам намуда гуфта буд, ки “фарзанд азиз - одобаш аз вай азизтар,” вале суханҳои падар аз як гӯши ману худораҳматии ҳамсарам даромада бошанд, аз дигар гӯшамон баромада рафтанд. Ин ҳама балоҳои ба сари банда омадаро танҳо сабаб як аст: Гӯш накардани суханони падар ва чӣ хеле ки мегўянд, “ҳар кӣ нагирифт панди падар - сазои сараш аз вай бадтар…” Тайи солҳои зиндагӣ бо модари Парисо қиблагоҳам чандин бор кўшиш ба харҷ дод, ки ман дуюмбора издивоҷ намоям ва баҳри наберааш додар ё хоҳаре ба дунё оварам, вале таклифи падарро напазируфтам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




