– Ҳотами Ёқуб.
Ў аслан марди тахминан чилупанҷ-панҷоҳсолаи миёнқади фарбеҳе буд. Ҳамин як муаррифии ному насабаш кифоя буд, ки мо ӯро бо ҳама дарду андӯҳаш шиносем. Аз нигоҳи маҳзунаш пай бурдем, ки Ҳотам Ёқуб аз ҳодисаи ба сари ҷигарбандаш омада аллакай огоҳ аст.
- Майори милиса Абдумаҷидов, - дасти ўро фишурда гуфтам ман.
-Ҷомии Шариф - нозири минтақавӣ, - худро муаррифӣ намуд нафаре ки ҳамроҳи ман бегоҳии рўзи якшанбе пой бар остонаи бинои милиса гузошта буд. - Ман падари Парисо.
-Марҳамат, биёед ба дафтари корӣ равем, - гуфтам ман ва аввалин шуда худам ба тарафи зинаҳое, ки ба ошёнаи дуюм мебурданд, равон шудам…
Дарро кушода Ҳотами Ёқубро таклифи даромадан намудам.
-Танҳо баъди шумо.
Чун мо вориди дафтари корӣ шудем, ман чойҷӯшро ба дасти Ҷомии Шариф додам, ки об биёрад.
Баъди рафтани Ҷомии Шариф ҳам муддате мо сари андешаҳои хеш хомўш мондем. Намедонистам чӣ хел падарро аз марги фарзандаш огоҳ созам… - Ман аллакай ҳамашро медонам, - ниҳоят муҳри хомўширо шикаста гуфт падари Парисо.
- Аз тақдир роҳи гурез нест, - гуфтам ман, ки мехостам ўро каме ҳам бошад, дилбардорӣ намоям.
-Кӣ ўро?
-Мо ҳам намедонем. - Ин ҳамааш гуноҳи ман аст, мефаҳмед, гуноҳи ман, - гўён ў аз ҷайбаш дастрўймоле бароварда оби чашмонашро пок намуд.
Ҷомии Шариф об овард ва бо ишораи ман ба пиёлае об рехта, ба ду дасти адаб ба сўи Ҳотами Ёқуб дароз кард.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




