Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 249 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 249 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ҷав киштӣ, ҷав мегирӣ, гандум киштӣ, гандум. Ў низ ҳамон ҳосили киштаи хешро гирифт.
Шарқ Шарқ аст. Дар Шарқ зиндагӣ намудан масъулияти зиёдеро талаб мекунад. Афсўс ки Парисои Ҳотам ҳамин ҳолатро ба инобат нагирифтааст, вагарна ҳаргиз чун аврупоиён, ки нимкураи Ғарбиро ба зери тасарруфи хеш даровардаанд ва ҳаррўза чун булбул дар бораи озодии инсон ҷор задаву мардуми Шарқро ба чунин озодие, ки асосаш аз фаҳше беш нест, даъват менамоянд, зиндагӣ ихтиёр намекард.
Мегўянд, ба шаҳри якчашмаҳо, ки афтидӣ, як чашматро нобино вонамуд бикун. Парисо дар Шарқ зиндагӣ карда, чун ғарбиён зиндагӣ намудан хостааст, бехабар аз он ки “хар аз харгала монд, ёлу думаш мерезад”…
-Яъне, ки дар Шарқ зиндагӣ душвор аст?

  • Шарқ ахлоқи ҳамидаро парастиш мекунад ва агар ҳамин ҳолатро чун меъёри зиндагии хеш қарор диҳӣ, нуран алонур мешавад. Муҳаббати покро парастиш намудан лозим, на ишқу ҳаваси сарсариро…
  • Шуморо фаҳмидам, рафиқ майор.
    -То фардо мо ягон нӯги гиреҳро ба даст оварда наметавонем, - гуфтам ман ва ба самти роҳи калон, ба сўи истгоҳ қадам задам. Ҷомии Шариф низ дигар каломе ба забон наоварда, аз паҳлуи ман хомўшона қадам мезад. Аслан Ҷомӣ аз шарқиён дида, ба ғарбиён монандии бештаре дошт, вале нигоҳи ў ба зиндагӣ шарқиёна буд, вагарна ҳаргиз намегуфт, ки аз қафои мурда сухани бад гуфтан раво нест, ки медонад шояд дар Ғарб ҳам нисбати шахси фавтида чунин нуқтаи назар бошад. Лаҳзае пас мо сари андешаҳои хеш ба автобус нишастем…
    ...5...
  • Ана худашон ҳам омаданд, - баробари пой ба остонаи милиса гузоштани ману нозири минтақавӣ мусоҳибашро ором намуданӣ шуда гуфт навбатдори милиса Хоҷаев.
    Мусоҳиби навбатдор, ки то кунун пушт ба сўи дари баромадгоҳ меистоду ба Хоҷаев сари кадом масъалае баҳс дошт, баъди суханони огоҳкунандаи корманди милиса ҷисми хешро тоб дода, ба сўи мо гашт ва баъди салом худро муаррифӣ намуд.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан