- Агар онҳо фарди хуб мебуданд, ҳаргиз аз қафои мурда сухани бад намегуфтанд.
- Хеле хуб аст, ки чунин андеша доред.
- Шумо чӣ, рафиқ майор? Наход шумо ба суханони он ду зане, ки ҳамсояи хешро бад гуфтаанд, бовар намоед.
- Ин ҷо гап дар сари боварӣ ҳам нест, мефаҳмед?
- На он қадар.
- Назар ба мардумони Ғарб нигоҳи шарқиён ба оламу одам дигархелтар аст.
-Чӣ хел?
-Рафту Парисо дар ғарб зиндагӣ мекард ва агар ҳамарўза ҷавонеро ба кулбаи хеш меовард, касе ўро бад намегуфт, чунки муҳити онҳо дигар аст, тарбияи онҳо дигар аст, вале дар Шарқ асрҳо боз моро дар рўҳияи ахлоқи пок тарбия намудаанд. Мо ҳатто фаҳмидан намехоҳем, ки инсонро ба ҷуз хӯрдану ошомидан боз талаботи биологие мавҷуд ҳаст… - Яъне, ки шумо ба суханони он ду ҳамсоя бовар накардед?
- Онҳоро мо набояд гунаҳкор намоем, чунки он ҳарду ҳам ҳақиқати зиндагиро гуфтанд, ҳақиқате, ки шумо, рафиқ лейтенант, дидан намехоҳед.
- Чӣ хел ҳақиқат? Шумо чиҳо гуфта истодаед, рафиқ майор? - қариб ки шӯрида рафт ҳамкори ҷавони ман.
- Гӯш кунед, рафиқ лейтенант, ба андешаи худи шумо ба хонаи духтаре, ки то кунун шавҳар накардааст, рафтани марди бегона хуб аст?
- Не, албатта, вале он ду нафар Парисоро “фоҳиша” - гўён арзёбӣ намуданд?
- Фоҳиша не, балки онҳо ўро сабукпой гуфтанд, ҳарчанд ин ҳарду калима як маъно доранд. Аз он чи ки он ду зан нисбат ба ҳамсояи хеш (бигузор ў бад ҳам бошад) баъди маргаш суханони носазо гуфтанд, банда ҳам дар шигифтам, вале чӣ илоҷ, ки даҳони бадгўёнро бастан душвор, бастани сарҳади давлатӣ осонтар аст аз забони бадгўеро бастан…
- Фаҳмидам.
- Бисёр хуб, афсўс ки худи Парисои Ҳотам ҳамин чизи одиро нафаҳмидааст. Аз он ки ў ба марде, ки даҳ сол аз худаш калонтар дил додааст, гуфтаҳои ҳамсояҳояшро тасдиқ мекунад. Агар ў қадру қимат ва манзалати хешро нигоҳ медошт, набояд ба чунин амал даст мезад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




