Суҳроби Шорамазон чанд расме дар дасташ вориди дафтари кории Наврўз Умар гашт ва бо ишораи сардори бахш дар рў ба рўи ману Ҷомии Шариф ба курсие нишаста, сипас он расмҳоро болои мизи сардори бахш гузошт.
- Дер омадед.
- Нахостам шуморо ташвиш диҳам, - гуфт ташхисгар - криминалист.
Наврўз Умар расмҳоро як-як аз назар гузаронида, сипас онҳоро ба дасти мо дода гуфт: -Расмҳо бад нестанд.
Аслан Суҳроби Шорамазон дар кори хеш усто буд ва Парисоро тарзе аксбардорӣ намуда буд, ки аз он манзараи мудҳиш нишоне ба чашм намерасид…
-Акси дархостӣ, шояд инҳоро тариқи оинаи нилгун нишон диҳем? - пурсидам ман. - Ба гумон аст, ки Воҳид Камол ба чунин амал розӣ шавад,
- гуфт Наврўз Умар.
- Яъне, мо ба ягон чиз умед баста наметавонем.
- Мо ба анҷоми некии кор умед мебандем, мефаҳмед?
- “Нияти нек - ними давлат,” гўед.
- Бале ва аминам, ки дар кӯчаи Зарнисор шумо риштаеро аз ин ҳодиса хоҳед дарёфт, - гўён сардори бахш ба сухани хеш нуқта гузошт.
Ману нозири минтақавӣ тахминан баъди як соат ба кӯчаи Зарнисор омадем ва то нимаи дуюми рўз амалиёти ҷустуҷўии хешро давом додем, вале ҳамаи кўшишҳои мо бе натиҷа анҷомид. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки “Парисо духтари сабукпо буд, бинобар ин мо аз ў дурӣ меҷустем.” Ана ёбу гир…
“Духтари сабукпо.” Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин? - эътироз намуд Ҷомӣ.
-Гўё ки намедонед, - ранҷида гуфтам ман. - Бовар намекунам, мефаҳмед, рафиқ майор, бовар намекунам.
- О худатон суханони он ду ҳамсояро шунидед - ку.
- Онҳо кӯри худанду бинои дигарон.
- Шуморо нафаҳмидам, рафиқ лейтенант.
- Гумон намекунам, ки онҳо худ фаришта бошанд.
-Чӣ лозим чунин хулосабарорӣ?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




