Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 246 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 246 аз 527 · 2 ноябри 2026

Баъди худоҳофизӣ бо Саодати Назар мо се тан муддате боз дар дафтари кории Наврўз Умар дар байни андешаҳои хеш шино намудем.

  • Хуш, чӣ бояд кард? – Ниҳоят муҳри хомўширо шикаста пурсид, сардори бахш.
  • Намедонам,- гуфтам ман.
  • Шумо чӣ, рафиқ лейтенант? - ба тарафи нозири минтақавӣ нигариста пурсид Наврўз Умар.
    Ҷомии Шариф китф ба ҳам кашид, ки маънояш “намедонам” буд.
    -Боз як маротибаи дигар ба кӯчаи Зарнисор рафтан лозим.
    Ман мефаҳмам, ки дишаб шумо он маҳалро сӯзанкоб намудед, вале мардум беҳуда кори шабро хандаи рўз нагуфтаанд, рафту…
  • Зид нестем, - сардори бахшро ором намуда гуфтам ман ва Ҷомии Шариф ҳам эътирозе накард.
    Наврўз Умар тариқи телефони дохилӣ аз ёрдамчии навбатдор хоҳиш намуд, ки капитани милиса Суҳроби Шорамазонро ба назди вай фиристад.
  • Дишаб ман аз капитан хоҳиш намудам, ки акси мақтулро тайёр намояд, то ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷустуҷўи аз он истифода барем, намедонам чаро то ҳоло аз вай хабаре нест? - изҳори нигаронӣ намуд Наврўз Умар ва аз ғалладони мизи кориаш қуттии «Радопи»-ро берун оварда. як дона сигори онро гирифта даргиронд. Чун дуд болои сараш фаввора зад, аз ҷой бархеста, равзаначаи тирезаи пушти сарашро кушода истода гуфт:
  • Акбар Ҳакимович, нағз аст, ки шумо тамоку намекашед, ман бошам ҳеҷ не ки аз ин зормонда (ў нигоҳашро ба тамокуи дар байни ангуштонаш буда дӯхт) дил канда натавонистам, ки натавонистам…
    -Ин хеле бад аст.
    -Медонам…
    Шояд вай боз чизе гуфтан мехост, вале касе ба дар ангушт заду ў, ки ҳанўз пушти тиреза рост меистод, баҳри ворид шудани он нафари дар пушти дар буда рухсат дода гуфт: - Марҳамат, дароед.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан