Иоганнес Рауи китобфурўш, президенти Ҷумҳури Федератсияи Олмон, Иошка Фишери таксист ноиби канслер ва вазири корҳои хориҷӣ буданд:- Ин як.
Дуюм, нависандагон Томас Манн ва Гюнтер Грасс, ки ба гирифтани ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт сазовор гардидаанд, гимназияву мактабро дар замони наврасӣ тарк намудаанд…
- Ба фикрам, шумо Саодат Назаровна, аз ҳама беш пешниҳоди Акбар Ҳакимовичро пазируфтаед, - паст наомада гуфт Наврӯз Умар.
- Ин ҷо гап дар сари пазируфтан ё напазируфтан намеравад, вале моро лозим аст, ки дар ҳамаи самтҳо кор барем. Ман ҳайронам, чаро Парисо ба Хуршед нагуфтааст, ки чӣ коре ўро дар пеш аст. Аз ин бармеояд, он коре будааст, ки мақбули Хуршед шуда наметавонистааст. Акнун суоле ба шумо :
- Мехостам фаҳмам, ки рафту ҳамсарони шуморо ба коре даъват намоянд, ба кадом намуди кори онҳо шумо розӣ намешавед?
... - Чаро хомўшед? - баъди се-чор дақиқа пурсид муфаттиш.
- Ба ростӣ, - намедонем иқрор шуд Наврўз Умар.
- Мо то дафтари зиндагиномаи Парисоро варақ назанем, ба ин савол ҷавоб ёфтан душвор. Мехостам дар нақшаи корҳои ҷӯстуҷӯиатон ана ҳамин андешаи бандаро ҳам ҳамроҳ намоед,
- гуфт муфаттиш ва аз ҷой бархест…
...4...
Мушкилоти кор дар он буд, ки дар куҷо зиндагӣ намудани падару тағои Парисоро мо аниқ намедонистем, ҳарчанд Хуршеди Малик моро ҳушдор сохт, ки якумӣ дар маҳалаи Гипрозем зиндагӣ дораду дуюмӣ дар доманакӯҳи рў ба рўи боғи Айнӣ. Инаш ҳам дарди бахайр мебуд, агар Хуршед Малик ному насаби падару тағои духтаракеро, ки худро таслимаш намуда буд, пурра медонист. Номи падари духтар, то андозае барои мо рӯшан буд, вале номи тағояшро, ки баҳри ҷиянаш он хонаро дар кўчаи Зарнисор тўҳфа намуда буд, Хуршеди Малик ҳатто ба ёд оварда натавонист…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




