- Аҷаб нест, - гуфт муфаттиш ва илова намуд, ки пешниҳоди сардори бахши кофтукови ҷиноӣ ба нақшаю чорабиниҳои тафтишотӣ ҳамроҳ карда мешавад.
- Ба гумонам, нафаре ки бо Парисои Ҳотам вохўрдааст, шиноси деринааш аст ва худи Парисо дарро ба рўяш кушодааст. Маҳз ба ҳамин хотир ў аз Хуршед Малик хоҳиш намудааст, ки пеш аз омаданаш занг занад, ман гумон мекунам, ки Парисо бо дигаре низ дилбастагӣ доштааст ё амсоли ин, - гуфт лейтенанти милиса Ҷомии Шариф.
- Беҳтарин пешниҳод, - иқрор шуд Саодати Назар ва ин дафъа нигоҳашро ба сўйи ман дӯхт.
- Бандаро як чиз ором намегузорад.
- Мо шуморо гӯш мекунем.
- Шаби гузашта дар кӯчаи Зарнисор пеш аз омадани Наврӯз Умарович ва Воҳид Камол Хуршед Малик гуфта буд, ки боре Парисо иқрор шудааст, ки ба наздикӣ соҳиби кори нағз мешавад, вале Хуршед ҳар қадар кӯшидааст, то бифаҳмад он чӣ корест, ҷавоби мушаххасеро гирифта натавонистааст.
- Яъне, шумо дар ҳамин андешаед, ки маҳз вайро барои ҳамин ба қатл расонидаанд? - пурсид муфаттиш.
- Баръакс, андешаи банда бар он аст, он чӣ коре будааст, ки Парисо аз ошкор намуданаш ба нафаре ки ҷисми латифу нозуки хешро баҳри ў бахшидааст, тарсидааст. Ман гумон намекунам, ки вайро барои кор ба СРУ ё КГБ- и давлати дигаре даъват намуда бошанд.
Ин табиист, ки бо маълумоти доштаи ў гирд овардани ҳама гуна хабаре, ки таваҷҷуҳи дигареро бедор намояд ғайриимкон аст, - ба баҳс ҳамроҳ шуда гуфт Наврўз Умар.
-Ба андешаҳои шумо розӣ шуда наметавонам, - гуфт муфаттиш. - Чаро?
- Пўшида нест, ки ба ҷуз Ҷомии Шариф ҳар сеи мо дар замони Шўравӣ мактабро хатм намудаем. Чун сифати таълиму тарбия дар он солҳо ба пояи баланд расида буд, андешаҳои мо низ бо рафти тараққиёти ҷамъият ҳампай буданд, гумон мекардем, ки бе маълумоти олӣ кореро ба сомон расонидан ғайриимкон аст, вале ба шарофати бозсозӣ дар кишвар мо ба вазъи дунё бештар шиносоӣ пайдо намудем. Танҳо дар як кишвари Олмон фақат сӣ дар сади талабагон маълумоти миёна мегиранд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




