- Ў гуноҳе надорад - авзои парешони бандаро дида гуфт муфаттиши прокуратура.
- Шояд ўро дар доираи қонун…
- Гумон доред, ки тайи се шабонарўз мо ба ў айб эълон карда метавонистем.
- Намедонам, вале мебоист бо ў суҳбати дурусттар менамудем, - паст наомада гуфтам ман.
- Ман бошам дар ин ҷода андешаҳои хешро дорам ва гумон мекунам, ки Хуршед Малик гуноҳе надорад. Фикри хешро чунин асоснок мекунам, агар зид набошед.
- Шуморо гӯш мекунам.
- Рафту агар вай гунаҳкор мебуд, имконияти пурраи аз он манзил рафтанро дошт. Ў метавонист равад ва баҳри хеш алибии муътамаде пайдо намояд. Дар шароити кунунӣ ёфтани алибӣ ҳам барояш чандон мушкилие надошт. Шояд эътироз намоед, ки ў сабабҳои аз он маҳал берун нарафтанашро дигархелтар баён намуда буд, вале ман гумон мекунам, ки агар аз он маҳал мерафт, касе аз вай домангир ҳам шуда наметавонист, чунки баҳри хеш алибӣ тайёр менамуд. Дар ёдатон бошад, ў ҳатто гуфт, ки баҳри он ба корди дар синаи маҳбубааш халида даст нарасонидааст, ки чунин ҳолатро борҳо ҳангоми тамошои филмҳои моҷароӣ дида будааст.
- Агар ў гунаҳкор мебуд, намегуфт, ки дари фӯлодинро бо калид худаш кушод, балки мегуфт: “Вақте ки ман омадам дар кушода буд” ва мо ҳатто собит карда наметавонистем, ки ў калид дошт ё не. Дарвоқеъ, мо ҳангоми кофтуков нусхаи дигар калидҳоро наёфтем. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки қотил бо калидҳои соҳибхона дарро маҳкам намуда рафтааст.
- Сеюм, агар Хуршеди Малик гунаҳкор мебуд, ҳаргиз кордро, ки номаш дар он сабт шуда буд, дар синаи мақтул намегузошт ва барои бурда партофтани он имконияти пурра дошт.
- Мегўянд, ки “ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд,” маҳз аз ҳамин хотир андешаҳои шуморо дар ин бора донистан мехоҳам, - гуфт Саодати Назар.
Наврўз Умар андешаҳои хеш бар он баён намуд, ки қотил кадом як ҳисобу китоби хешро бо Хуршед Малик баробар карданӣ шудааст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




