Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 242 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 242 аз 527 · 2 ноябри 2026

Тайи ҳафтод соли баъди марги Ленин бошад, аз шаш як ҳиссаи аҳолии рўи замин заррае аз хатти кашидаи доҳии хеш берун нашуданд, аз зиндаҳо ҳам зиндатар буд он марде, ки сурати зарҳалинаш оғози саҳфаи аввали китоби “Алифбо” буд…
Дар ҳамон ҳавои сарди охири моҳи январ ману Ҷомии Шариф қариб гирду атрофи он маҳалро сӯзанкоб намудем, вале бе натиҷа. Сипас боз ба боло баромадем, то дар фаровардани ҷасади мақтул ёрӣ диҳем. Дар ҳақиқат аз ошёнаи дувоздаҳум то ба поён овардани ҷасади мақтул мушкилоти зиёдеро пеш овард.
Соати 0110 дақиқа баъди ба мурдахона фиритодани ҷасади Парисои Ҳотам мо боз пой ба остонаи бинои милиса гузоштем. Тамоми ҳайати шахсӣ бо гирифтани хабари “Бонги хатар” ба милиса омада буданд. Тамоми роҳ ва чорраҳаҳо аз кормандони милиса пур буд, ки ба дерии вақт нигоҳ накарда мошинҳои шабгардро боздошта, ҳуҷҷатҳои ронандаву мусофирони шабгардро аз назар мегузарониданд. Умуман, кор дар тамоми самтҳо ҷӯш мезад, вале он кӣ қасд ба ҷони Парисои нуздаҳсола намуда буд, на он шаб ва на шабҳои дигар ба даст наафтод. Он шаб дар тамоми дафтарҳои кории милиса чароғҳо фурӯзон буданд. Ба дерии вақт нигоҳ накарда, ҳамаи он нафароне, ки дар зери назорати маъмурӣ буданд, ба милиса оварда шуданд, вале кор натиҷае надод, ки надод….
Ниҳоят нурҳои хуршеди ховар пардаи зулмот бидарид ва мо шикасти хешро дар марҳилаи аввали кор дарк намудем…
...3...
Ҳодисаи дар кӯчаи Зарнисор 47/4 хонаи 93 рухдода баҳри гурўҳи фаврӣ тафтишотӣ як муаммои сарбастае шуд…
Дар замоне, ки офтоб нурҳои хешро болои қаторкўҳҳои водии Ҳисор парфишон намуд, Саодати Назар баъди гирифтани забонхат барои аз ҷойи зист нарафтан бо Хуршеди Малик худоҳофизӣ намуд.
Албатта, ин амали муфаттиш ба ман ва ҳамкорони милисаам хуш наомад, вале чун муфаттиш шахси масъул аст ва масъулияти ў дар кодекси мурофиавии ҷиноӣ бо ҳарфҳои хоно навишта шудааст, мо дигар эътирозе ҳам накардем, ба ҷуз каме озор…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан