Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 241 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 241 аз 527 · 2 ноябри 2026

Вақтҳои охир Воҳид Камол қариб ба ҳамаи ҷойи ҳодисаҳои рухдода худаш мерафт. Боре дар танҳоӣ Навруз Умар дар ин бора изҳори нигаронӣ намуд, ки сардор набояд худро дар ҳар кори майда - чуйда азоб диҳад ва то кунун посухи гуфтаи Воҳид Камол дар гӯши ман садо медиҳаду садо…
-Ҳоло шумо ҷавонед. Ман ҳам дар синну соли шумо чунин андеша доштам, вале вақтҳои охир нуқтаи назарам дар ин бора тамоман дигар шудааст.

  • Чӣ хел?
  • Ман гумон мекунам, ки ҳар гоҳ ки сарварро ба ин ё он кор бигузор, он кори хурде ҳам бошад даъват мекунанд, ў зинда будани хешро эҳсос мекунад ва ҳатто ҳаловат мебарад.
    Чун вақту соаташ расад, туро ҳатто ба ҳодисаҳои мушкил ҳам даъват намекунанд, чунки мехоҳанд ҳамаро худашон ҳал намоянд, дар он ҳолат шахс аллакай шикасти хешро эҳсос хоҳад кард, чунки дигарон ба маслиҳату машварати вай дар он вақт ниёзе надоранд ва ин як зарбае мешавад барои чунин нафароне, ки дар остонаи нафақа қарор дорад. Онҳо гумон мекунанд, ки аллакай номи хешро, қуввати хешро аз даст дода истодаанд. Ба таври дигар гўем, онҳо дар олам акнун арзи ҳастӣ надоранд. Яъне зиндае, ки аз мурда бадтар аст, чун дигарон қобилияти шунидани маслиҳати ўро надоранд, бехабар аз он ки зиндагӣ косаи давр аст…
    Вақте ки мо аз дафтари кории Воҳид Камол берун шудем, банда шиореро аз замони мактабхониам ба ёд овардам, ки дар пешгоҳи бинои мактаб, дар зери расми калони доҳии мамлакат бо ҳарфҳои зарин навишта шуда буд:
    “Ленин ҳамеша зинда аст,
    Аз зиндаҳо ҳам зиндатар!”
    Он рўз сари гуфтаҳои Воҳид Камол ман на як бору ду бор андеша намудам.
    “Зиндаи мурда” – шахсе, ки дигарон фикру андешаҳои ӯ дигар ба инобат гирифта намешавад, шахсе ки маслиҳату машварати вай барои дигарон чандон муҳим нест…
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан