Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 240 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 240 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Мо ҳамагӣ се - чор моҳ боз шиносем ва тайи ин муддат ў дар ягон ҷо кор намекард. Боре гуфта буд, ки ба наздикӣ соҳиби кори нағзе мешавад, вале ман ҳар қадар кӯшидам, ки бифаҳмам он чӣ корест, ў ҷавобе мушаххасе надод. –Воқеъан, гуфт, ки агар корҳояш барор гиранд, аҷаб нест моро ҷудоии на чандон тўлоние дар пеш бошад. Ҳамаи инро ман шӯхӣ фаҳмидам, чунки дар ин замона шахсони маълумотдор ҷои кор намеёбанд ва чӣ тавр метавонист Парисо, ки ҳатто маълумоти миёна надошт, соҳиби кор шавад.
  • Ин хона аз худи ўст?
  • Бале, Парисо гуфт, ки баъди марги модараш ситораи ў бо модари угай рост наомадааст ва тағояш ҳамин хонаро ба ў ҳадя намуда.
  • Падараш дар куҷо зиндагӣ мекунад?
  • Ба фикрам, дар маҳалаи Гипрозем.
  • Тағояш чӣ?
  • Дар доманакӯҳи рў ба рўи боғи Айнӣ.
  • Аниқтар чӣ?
  • Ҳар он чӣ гуфтам, аз рўи шунидаҳоям аз забони Парисост. Дар асл бошад, ман на падари ўро дидаам ва на тағояшро. Шояд ягон суханаш ҳам рост набошад. Охир ман аз куҷо медонистам, ки ба чунин варта меафтам.
  • Чаро шумо аз ҷои ҳодиса нарафтед?
  • Зеро аксари ёру дўстони Парисо медонанд, ки муносибати ману ў дар кадом поя қарор дошт, ба замми ин банда гуноҳе надорам. Пас чаро бояд мегурехтам…
  • Корҳо на ба он дараҷае хубанд, ки шумо гумон доред.
  • Медонам ва аминам, ки шумо рўзе ба бегуноҳии ман бовар хоҳед кард.
    Муфаттиш шояд боз чизе гуфтан мехост, вале дар ҳамин асно лейтенанти милиса Ҷомии Шариф ҳамроҳи Воҳид Камол, Наврўз Умар ва ташхисгари тибби судӣ Ҷонибеки Неъмат вориди он манзил шуданд.
    Муфаттиш навомадагонро ба таври кӯтоҳ бо рафти ҳодисаҳо шинос намуд ва мо ба оғози азназаргузаронии ҷои ҳодиса пардохтем, дурустараш онҳо пардохтанд, чунки бо амри Воҳид Камол ману нозири минтақавӣ Ҷомии Шариф баҳри дарёфти нӯги гиреҳе аз ин муаммои сарбаста ба саҳни ҳавлӣ баромадем.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан