Гумон намудаааст, ки Парисо ўро ба меҳмонӣ даъват намуда, худ бо дигаре рафтааст, ки то омадани вай ўро интизор шавад. Ба ҳамин хотир ў вориди пешайвони хона гашта чароғро фурўзон намудааст, сипас боронӣ ва пойафзолашро кашида, худ ба тарафи ҳуҷра ҳаракт намудааст.
Дари ҳуҷра ҳам пўшида будааст ва ў онро кушода, даст ба тугмачаи пушти дар бурда онро зер намудааст ва чун чароғ фурўзон гаштаву нигоҳи ў ба дохили хона бархӯрдааст, Парисоро дар оғӯши хун дидааст ва ҳамоно гӯшаки телефонро бардошта, рақами “03”- ро гирифта, духтурро ба ёрӣ ҷеғ задаст. Сипас, боз чанд қадаме гузошта набзи нигорашро санҷиданӣ шудааст, вале ҳама ҷаҳду талошҳои ў бе натиҷа анҷом ёфтаанд. Чун кордеро, ки дар он номи ў сабт шуда буд, дар синаи муҳбубааш дидааст, тобу тавон аз даст додааст.
Хуршед иқрор шуд, ки корд аз они ўст, вале намедонад, ки он чӣ хел ба ин хонадон афтидааст. Ў ҳамчунин гуфт, ки кордро ду ҳафта пеш гум карда буд. Дар кадом ҳолат гум кардани кордро ба ёд оварда натавонист, вале моро бовар кунонид, ки ба корд даст нарасонидааст ва ҳамаи инро сабаб он аст, ки ў тамошои филмҳои моҷароиро хеле дӯст медорад…
- Яъне, ки худро дар ҳодисаи мазкур гунаҳкор намеҳисобед? - пурсид муфаттиш Саодати Назар.
- Ман гуноҳе надорам, вале намедонам бегуноҳии хешро чӣ тавр собит намоям.
- Ҳангоми ба ин ҷо омадан ягон шиносро дар роҳ дидед ё не?
- Шиносро не.
- Рақами таксӣ дар ёдатон нест?
- Не.
- Тамғааш чи?
- Мошини «Волга».
- Рангаш?
- Сиёҳ.
- Ронандаро бинед, мешиносед?
- Намедонам, ман чандон ба ў аҳамият надодам, чунки ҳамон лаҳзаҳо фикру ёдам ба Парисо буд, ки чаро маро фиреб намуду занг назад ва ҳатто ба зангзаниҳои банда ҷавобе надод.
- Ў чикора аст?





