- Акбар Ҳакимович, пурсиши шахси дар зери васигии ронанда бударо ба зиммаи шумо мегузорам. Банда ва Суҳроби Шорамазон низ бекор нахоҳем монд, - чун роҳбари гурўҳ самти кори моро муайян намуда гуфт муфаттиш.
- Саодат Назаровна, биёед пурсиши расмии шахси дар зери васигии Тоҷиддини Ҷаббор бударо каме мавқуф гузорему он касро ба ин ҷо ҷеғ занем, то саҳнаи умумии ҳодисаро баён намоям.
- Ихтиёр шуморост.
Ман аз он ҳуҷра берун шуда ба самти ошхона ҳаракат намудам ва ронандаро ҳамроҳи шахси дар зери назораташ буда ба ҳуҷра даъват намудам. Давлат Низом, ки худ яке аз ҷарроҳҳои номдори шаҳр буд, шояд кори милисаро ҳам ба кори хеш дар бахши эҳёи беморхона, ки ҳузури шахси бегонаро манъ мекунад, шабеҳ дода бошад. Вагарна чӣ лозим буд, нафареро, ки аз «Ёри таъҷилӣ» ёрӣ пурсидааст, аз Маркази “Сунами” (ҷои ҳодиса дар назар аст) дур намудан. Шахси нав зери васигии ронанда буда ҷавонмарди бистуҳафт - сисолае буд, ки дар синну сол шояд на камтар аз даҳ сол аз Бону, ки бо зиндагӣ падруд гуфта, калонсолтар менамуд. Чун мо вориди ҳуҷраи ҷои ҳодиса шудем, муфаттиш он ҷавонмардро мавриди пурсиши хеш қарор дод.
Ўро ба ин маҳфил муҳаббати ҷавонзан оварда будааст.
Ҷавонмард Хуршед ном дошта, бонуи ўро бошад Парисо ном будааст. Аз рўи нақли Хуршед ў маҳбубаашро бори охирин соати 18 дида будааст ва ҳангоми хайрухуш ваъда додааст, ки соати 21 ба манзили вай меояд. Вале чун Парисо ўро ҳушдор сохтааст, ки пеш аз омаданаш ҳатман ба ў занг занад, ташрифаш ба ин манзил қариб як соат тӯл кашидааст, чунки тайи чор маротиба занг задан Парисо гӯшакро набардоштааст ва бо ин амали хеш қаҳру ғазаби маҳбубаашро дучанд намудааст. Расо соати 22 ў аз хонааш баромада таксиеро боздоштааст ва баъди бист дақиқа ба майдончаи ошёнаи дувоздаҳум баромадааст ва чун худ калид доштааст, дарро кушодааст. Хуршед дар ҳамин ҷо ба саволи банда посух гуфт, ки дар маҳкам буд ва ў ду маротиба калидро тоб дода онро кушодааст. Хона дар оғӯши зулмот, вале чун ў борҳо дар ин манзил будааст, дар куҷо будани тугмачаҳои фурӯзонкунандаи барқро медонистааст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




