- Якум ин ки Тоҷиддин устоди спорт оид ба гӯштини тарзи озод аст. Дуюм, агар он кас гурехтан мехост, имконияти пурра дошт, ки то омадани мо думро аз ин манзил хода кунад…
- Шумо соати чанд пой бар ин остона гузоштед?
-Расо ҳабдаҳ, дақиқа пеш аз шумо. - Яъне, соати 22?
- Бале.
- Ҳангоми ба ин ҷо бармадан ягон нафарро дар зинаҳо дидед.
- Пиразанеро дар байни ошёнаҳои шашуму ҳафтум.
- Дар саҳни ҳавли чӣ?
- Он ҷо касе набуд, ё шояд мо худ чандон аҳамият надодем.
-Вай чӣ? - Ман бо вай суҳбат накардам, вале ба фикрам, марги ин бонуи зебо қалби ўро шикофтааст
-Оё гуфтанӣ нестед, ки ў ҷабрдида аст?
-Муайян намудани ин тарафаш ба зиммаи шумост. - Ташаккур.
Ман бо иҷозаи муфаттиш ба қисми навбатдори занг зада хоҳиш намудам, ки аз ҳодисаи рухдода сарвари ШКД Воҳид Камолро огоҳ созанд. - Он кас ҳамроҳи подполковник Наврўз Умар аллакай ба самти шумо омада истодаанд, - хабар дод навбатдор.
- Ташхисгари тиббиро огоҳ намудед ё не ?
- Воҳид Камол ўро худаш аз роҳ гирифтааст, - бандаро ором намуда гуфт навбатдор.
- Чун гуфтугўи телефонии мо намуди ошкоро дошт ва муфаттиш онро шунид, бандаро хоҷат ба такрори суханони навбатдор намонд…
- Давлат Низомович, агар вақтатон бошад, ёрдамчӣ ва ронандаатонро мо ба сифати шахси холис ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса истифода барем, хоҳиш намуда гуфт муфаттиш.
- Зид нестам, агар моро ба таври таъҷилӣ боз ба ягон ҷо ҷеғ назананд.
- Умед ба он мебандем, ки ҷеғ намезананд.
-Майлаш мо розӣ, - бори дуввум Давлат Низом тайёр будани хеш ва ёрдамчиашро баҳри ёрии мо иброз намуд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




