Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 236 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 236 аз 527 · 2 ноябри 2026

нисбати амали гузаштагон, ки ҳама панд аст, баркашӣ, дигар ҳама ҳеҷ аст.
...2...
Баъди он ҳама қадамзаниҳо ва фатҳи қулла “тамошои” манзараи мудҳише насиби мо гашт…
Чун мо пой бар остонаи он хонаи сеҳрангез гузоштем, Давлат Низом (духтурро) чунин ному насаб буд, ба ёрдамчиаш ишора намуд, ки суфи сафедро аз болои он, ки болои фарш мехобид, каме бардорад.
Қафаси чапи синаи бонуи зебоеро, ки шояд аз сад гулаш ҳанўз як гулаш нашукуфта буд, корди худсохте шикофта буд.
Қотил ҳатто кордро аз синаи сайдаш берун наоварда буд…
Хуни аз ҷисми ҷавонзан берун ҷаста либосҳои ҳарири ўро арғувонӣ намуда буд, ки ҳар бинандаро даҳшат пахш мекард.
Дигаронро ку намедонам, вале дили ман дар ҳамон лаҳза фишурда шуд ва хеле баъд Саодати Назар ва Суҳроби Шорамазон (ташхисгар-криминалист) иқрор шуданд, ки дар ҳамон лаҳзаҳо қалбашон қариб аз тапидан бозмонад.
Банда, ки ҳамагӣ чанд дақиқа пеш назарияи нисбиятро ба ёд оварда будам, боз сари ҳамин масъала баргаштам.
Рафту агар пиёда мо ба ошёнаи дувоздаҳум не, балки то қабати яксаду дувоздаҳуми бинои осмонбўсе мебаромадем, ин аз даҳшатӣ дидаамон бароямон осонтар буд.
Давлат Низом, гуфт, ки баъди сенздаҳ дақиқаи занги телефони ў пой бар остонаи ин хона гузошт, вале ҳамааш бе натиҷа.
-Оё гуфта метавонед, ки маҳрум кай ҷоми маргро нӯш намудааст? - пурсид Саодати Назар.

  • Дар байни соатҳои 2145- 2215 дақиқа.
    Чун гап дар бораи вақт рафт, ман ҳамоно ба соати дастиам нигаристам. Ақрабаки соат 2254 дақиқаро нишон медод.
  • Аз ҳодиса, ки шуморо огоҳ намуд? - пурсид муфаттиш.
  • Нафаре, ки ҳоло дар ошхона аст.
    -Чӣ?
  • Осуда бошед, ман ронандаамон Тоҷиддини Ҷабборро ҳамроҳи ў мондам. Аз пеши Тоҷиддин гурехтан ғайриимкон аст.
  • Чӣ хел?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан