Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 235 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 235 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ҳақ ба ҷониби шумост ва ҳатто Имом Шомил30 гуфтааст, ки “агар ту ба гузашта аз тапонча тир паронӣ, оянда ба ту аз тӯп тир хоҳанд зад,” - гуфтам ман.

  • Яъне, ки боварӣ доред?
  • Албатта.
    -Ҳақ ба ҷониби ҳамон Имом аст. Мо наметавонем аз урфу одатҳои гузаштагон, ҳарчанд қисме аз он урфу одатҳо ба мо аз дигар қавму миллатҳо ҳамчун экспансия омадаанд, даст кашем. Урфу одати миллат ҳам чун сиёсати давлат аст. Сиёсат нек аст ё бад, аз он худро канор гирифтан ғайриимкон аст.
    Мисли оне, ки мо боми хонаи хешро на аз борон ҳифз намуда метавонему на аз ғубор…
    Суханони муфаттиш мавҷи андешаҳои бандаро такон дод.
    …Бибиам, илоҳо рўҳаш шоду манзили охираташ обод, ҳамеша таъкид мекард, ки рафту агар ба куҷое сафари дуртар дошта бошам, кўшиш намоям, ки ҳарчӣ барвақттар сари субҳ ба роҳ бароям, то мабодо бо шахси номаҳраме дар оғози рӯз рў ба рӯ нашавам ва мушкилоте дар роҳ пеш наояд…
    Бибиам ҳамаи моро насиҳат карду соле пештар худ бо дермонии зиёде ба роҳ баромад ва он сафар сафари охирини ӯ гардид.
    Намедонам дар он субҳи моҳи январ чашми ӯ ба рӯи кадом номаҳраме бархӯрд ва сафараш ба Душанбе бо фоҷиа анҷомид…
    Тайи асрҳо танҳо он урфу одатҳое ҷовидона мондаанд, ки ҳидояткунандаи роҳи ростанд. Инсонро, ки бо ақл шинохтанд, албатта, пеш аз ба коре даст задан онро на танҳо дар мизони ақл мегузорад, балки дар чаҳорчӯбаи анъанаҳои гузаштагон низ дидан мехоҳад ва чун кори пешгирифтааш ба ҳама меъёрҳои миллию суннатӣ ҷавобгӯ бошад, дасти ӯ ба кор пеш меравад ва қалбашро болида мегардонад. Ба ёд овардани анъанаи гузаштагон баҳри он пойдор аст, ки кори хешро дар

30 Имом Шомил- (1797 – Доғистон, 1871 – Мадинаи (м). Ватандӯсти асиле,марде, ки қариб сӣ сол баҳри озодии халқҳои Қафқози Шимолӣ бо Русия ҷангидааст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан