Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 234 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 234 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ҳамин Эйнштейнро барои кадом кораш ҷоизаи Нобел доданд?

  • Барои кашфи “назарияи нисбият”
    -Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин.
  • Як тори мӯй дар сар кам аст ё зиёд?
  • Кам.
  • Дар косаи шӯрбо чӣ?
  • Барои ҳамин ночиз коре”…
    Албатта, кор накардани лифт, ҳам барои сокинони ошёнаҳои якум то чорум он қадар мушкилоте ба бор намеовард, вале барои сокинони ошёнаҳои панҷум то дувоздаҳум…
    -Ҳангоме ки ман аз бинои прокуратура баромада, то сари роҳ омадам, як гурбаи сиёҳ аз пешам гузашт ва акнун афсӯс мехӯрам, ки лаҳзае таваққуф нанамудам, то нафари дигаре он «девори бузурги Чин»- ро убур намояд, - лаҳзае бозистода гуфт Саодати Назар.
    -Гурба чӣ гуноҳ дорад? Эҳтимол лифт, чанд рӯз боз кор намекунад, - гуфтам ман.
  • Акбар Ҳакимович, ба фикрам, шумо ба расму оини гузаштагонамон чандон боварӣ надоред?
    Муфаттиш бо ҳамин як саволи хеш қалби маро бишикофт, охир ӯ маро рӯирост гунаҳкор карданӣ шуд, ки расму оини гузаштагонро пос намедорам.
    -Аз рӯйи урфу одат танҳо русҳо баъди аз сари роҳашон баромадани гурбаи сиёҳ таваққуф менамоянд ва намедонам Саодат Назаровна чаро шумо аз пешатон гузаштани гурбаро ба дил наздик қабул намудед?
    -Шояд ҳамаи инро сабаб он бошад, ки солҳои донишҷӯиам дар шаҳри Ленинград сипарӣ шуд, бисёре аз урфу одатҳои мардуми рус ҳанӯз дар ёдам монда. Замоне мо ҳама сокини як Ватан – СССР будем ва аз он давр ҳам урфу одатҳои зиёдеро пазируфтаем Пас чӣ тавр метавон гузаштаи хешро ба гӯшаи фаромушӣ дод?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан