Шояд назарияи нисбияти Алберт Эйшнтейн, ки ўро сазовори ҷойизаи Нобел намуда буд, аз чунин муқоисакуниҳо сар зада бошад, яъне бартарии яке бар дигаре.
Аслан чунин бартариҳо аз дигар сарчашма маҷро мегирифтанд, чун нафаре ки аз ҳодисаи дар ошёнаи дувоздаҳуми бино рухдода огоҳ гардида буд, аввал ба телефони “03” занг задаст. Дар навбати хеш “03”-“02”-ро огоҳ намудааст.
Нисбат ба дигар ҳамкорон бошад, мо аз он сабаб пешсаф шудем, ки навбатдор аввалин шуда моро дид ва ў мо се танро (ба ҷуз банда боз нозири минтақавӣ ва ташхисгар - криминалист)-ро ба мошини милиса шинонда гусел намуда, хушдорамон сохт, ки сари роҳ аз пеши бинои прокуратура муфаттишро ҳам бо худ бигирем...
Лейтенанти милиса Ҷомии Шарифро дар пеши дари бино гузошта, худ ба дохили бино қадам задем.
“Лифт кор намекунад.” Ҳамин навиштаҷоти болои дари лифт лаҳзае садди роҳи мо шуд, ки дигар на пеш рафтанамонро донистему на пас гаштанамонро.
Дигарбора ба он огоҳнома, ки шакли овезон намудаи он дар байни лифт “тавқи лаънат дар гардани шайтон”- ро ба ёд меовард, чашм дўхтем: “Лифт кор намекунад.” Дигар дар он ҷо истодан маъние надошт ва мо се тан ба тарафи зинаҳо ҳаракат намудем.
-Ошёнаи чандум гуфтед? - пурсид муфаттиш прократура Саодати Назар, ки мо ўро сари роҳ, аз пеши бинои прократура бо худ гирифта будем.
-Дувоздаҳум
-Қабати охирин гӯед.
-Ҳақ, ба ҷониби шумост, Саодат Назаровна.
-То ба он ҷо баромаданашро гӯед, - оҳи бадарде кашида гуфт муфаттиш.
-Баромаданаш ба хайр аст, вале фаромаданаш душвортар…
-Мефаҳмам, - гӯён муфаттиш аввалин шуда пой ба зинаҳо гузошт.
Аз чӣ бошад, банда боз Алберт Эйнштейнро ба ёд овардам: “Яҳудизане аз шавҳараш мепурсад.





