-Ҳар кӣ киштаи хеш медаравад, ҷав киштӣ, интизори дарави гандум машав, - гуфт муфаттиш ва гуфтаҳои хешро бо каломи зебое чун далели шайъи тақвият дод:
Аз мардуми бад-асл наояд ҳунари нек, Кофур нахезад зи дарахтони сафедор.27
27 Шеър аз Манучеҳрӣ
АФЛОТУН
ДЎСТИ МАН АСТ…
Роман
БА ЁДИ БАРОДАРАМ ҲОКИМИ АЗИЗ.
То ғуссаю ғамҳои маро дур кунанд,
Гуфтам, ки илоҷи дигаре ҷӯр кунанд,
Чун зинда туро ба ҷойи ман боз оранд,
Чун мурда маро ба ҷойи ту гӯр кунанд.28 ва боз:
Ҳама ороста бо фазлу ҳунар,
Ҳама умр аз пайи таҳсили адаб,
Дилаш аз завқи маонӣ саршор,
Сухане зишт наёварда ба лаб,
Ба насаб ҳам ба ҳасаб неку азиз,
Лек фориғ зи тафохур ба насаб,
Рафт, онгуна ки донишомӯз
Субҳи барвақт равад бар мактаб29
Бо ҳама ҷаҳду талошҳои хеш дар нисбати мошини «Ёрии таъҷилӣ» мо ба ҷойи ҳодиса дертар омадем, вале…
Нисбат ба дигар аъзои гурўҳи фаврӣ - тафтишотӣ аввалин шуда мо пой бар остонаи бинои дувоздаҳошёна гузоштем…
Ба таври дигар гўем, онҳое ки баҳри талоши ҷони одамӣ омада буданд, дар нисбати мо ва худи мо нисбат ба дигар ҳамкоронамон, ки бо гирифтани «бонги хатар» аз мо дида дертар ба саҳни бинои милиса гирд омаданд, масъулиятшиностар будем.
28 Шеър аз устод Бозор Собир, ки даргузашти бародар бандаро низ чун устоди равоншод ҷигархун кард.(Ш.А.) 29Шеър аз саҳифаи иҷтимоии “Facebook”- и Рустам Ваҳҳобзода 10.01.2022.
Муаллиф ба Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода барои чунин сатрҳои самимӣ, ки дар нисбати ҳамдарсаш рӯзноманигор ва нависанда Ҳокими Азиз рӯй чоп овард, арзи сипос менамояд.





