Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 231 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 231 аз 527 · 2 ноябри 2026

б/Тирҳои озмоишӣ аз ПМ серияи ГШ рақами давлатиаш 8176 барориши соли 1985 буруномада ҳамшабеҳи хешро дар патрони аз ҷои ҳодиса дар минтақаи Лучоби ноҳияи Сино ёфта гирифташуда пайдо намуд. Шабеҳи дар бойгонӣ ЭКО маҳфуз будаи тирҳои озмоишӣ дар минтақаи Лучоб ёфта гирифташударо қотил аз тапончаи мазкур дар қатли шаҳрванд Руҳулло Ғаффор истифода бурдааст...
-Бад не, - баъди шиносоӣ коғазҳоро болои мизи муфаттиш гузошта гуфтам ман.
-Ин ҳанӯз нуқтаи кулминатсионии амалҳои мо нест, - гуфт Нӯшини Азиз.
-Нафаҳмидам.
-Маҳз натиҷаи ташхиси балластикиро дастрас намуда, Асад Ғанӣ бо мактуби расмӣ барои гирифтани парванда аз рӯи қатли Руҳулло Ғаффор ба прокурори шаҳр муроҷиат намуд.
Ҳеҷ гумон надоштам, ки дарё бо чунин осонӣ роҳи маҷрояшро муайян мекунад.
-Акнун мо луқмаи тайёри Амин Зарифро кашида гирифтем.
-Баръакс мо ӯро аз устухони дар гулӯяш дармонда раҳо намудем ва бо ҳама он печидагиҳо нӯги ресмони ба дастовардаро тарзе калоба намудем, ки худ ифшогари ҳамаи ин муаммои бе сару нӯг гашт.
-Бо кадом нарх?
-Инаш рост, чунки мо натавонистем аз ду ҳодисаи мудҳиш

  • яке марги Руҳулло Ғаффор ва дигаре ба садама афтидани Авази Аъзамро пешгирӣ намоем, вале мо тавонистем, ки сояро аз болои чанде аз гумонбаршудагон бардорем. Акнун Матлубаи Руҳулло гуфта наметавонад, ки дар марги падараш дугонааш Шаҳнози Зокир даст дорад. Дар ин ҷода мо сояро аз болои Сайф Ориф ҳам дур намудем. Ба мо муяссар шуд, ки номи неки Сафол Фотеҳ ва Некрӯзи Нодирро ҳам ҳифз намоем..
    Аз чӣ бошад, ки ман суҳбати чанд рӯз пеш доштаамонро бо Амин Аскар ба ёд оварда гуфтам, ки ӯ фирефтаи суханони Руҳулло Ғаффор шуда, бо нархи гароне ба Файз Камол хатчаи таҳдидомезеро ба ҳабсхона фиристодааст ва бо ин амали хеш дар қалби нафари ҳанӯз дар ҳабсхона буда тарсу ҳаросро ҷо намудааст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан