Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 230 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 230 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Дар ин бора шумо бояд пештар фикр менамудед ва ӯро ба гирдоби амалҳои нопоки хеш намекашидед, хуш ному насабаш?
-Хуросон ном аст ӯро ва рафту хушдоманаш Фирӯза каломи аз забони модари Некрӯз шунидаашро бо аҳли хонаводааш ошкор намекард, Хуросон ҳам ба ман занг намезад...
-Шумо бошед, ба чунин рӯз намеафтидед, ҳамин хел?
-Ҳамин хел.
-Акнун ин ҳама чун мушти пас аз ҷанг ба ёд омадаро мемонад.
-Худкардаро даво нест, - оҳи сарде аз дили пурдард бароварда гуфт Сайф Ориф.
...45...
Натиҷаи ташхиси балластикиро тай се шабонрӯз интизор шудем. Новобаста аз ҳама интизориҳо хулосаи ташхисгар балластикро мусбӣ арзёбӣ намудем. Ба ҳар кадоме аз яроқҳо дар алоҳидагӣ дар чор саҳифаи компютерӣ хулоса пешниҳод намуданд, ки муҳтавои ҳар кадоме чунин буд: -Ман ташхисгар балластики дараҷаи аввал Беҳрӯзи Мирзо дар асоси қарори муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма, ҳуқуқшиноси дараҷаи якум Нӯшини Азиз имрӯз автомати тамғаи АКС серяи БР рақами давлатиаш 6129 соли бароришаш 1983 ва тапончаи тамғаи Макаров серяи ГШ рақами давлатиаш 8176 соли бароришаш 1985-ро дар озмоишгоҳи ЭКО-и ВКД ҶТ баъди тирпаронии озмоишӣ мавриди таҳлил қарор додам. Аз ҳар кадоми ин яроқҳо ба миқдори се дона тири озмоишӣ паронида шуд, ки ин амал аз коршоямии яроқҳо хабар медиҳад. Тирҳои аз ҳарду яроқ буруномадаро бо тирҳои дар бойгонии ЭКО маҳфуз буда ба муқоиса гузоштем, ки чунин натиҷа ба қайд гирифта шуд.
а/Дар бойгонии ЭКО ВКД ҶТ, нақши мармие маҳфуз буд, ки аз рӯи нишондодҳои техникиаш ба се мармии дар тирпаронии озмоишӣ аз АКС серяи БР рақами давлатии 6129 соли барориши 1983 буруномада ҳамшабеҳ аст. Мармии мазкур аз чархи пеши тарафи чапи автомашинаи ВАЗ – 2107 рақами давлатиаш 13 – 12 РТ 02, ки дар минтақаи кӯҳӣ шоҳроҳи Обшорон – Душанбе, ки ҳангоми садама ба ҷарӣ рафтааст гирифта шуда буд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан