Ман ҳатто ба ин ронандаи оқипадар дар бораи он домоди ноком тариқи духтархолаам хабарҳо гирд оварда додам. Духтархолаамро бовар кунонидам, ки Некрӯзи Нодир сари дӯсти ман Сафол Фотеҳро дар тӯйи ҷигарбандаш ба замин зад ва мехоҳам ҳар қадами ин домодтӯра дар зери назорати доимии мо бошад.
Духтархолаам ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наовардааст, ки бандаро чӣ фикру хаёле дар сар аст. Боз ҳамааш ба касофатии ҳамон телефонҳои зормонда, чунки ман ҳамарӯза як ё ду маротиба ба духтархолаам занг зада, аз навигариҳо пурсон мешудам.
Чун Амин Аскар дар бораи корнамоиҳои худсаронаи қосид маро огоҳ намуд, мо тариқи овозаҳо тавонистем домоди Сафол Фотеҳро чун гумонбар ба милиса муаррифӣ намоем, вале баъди хабари навбатӣ ҷойи нишастамро гум намудам. Аз рӯи хабарҳои гирифтаам модари Некрӯз худаш нақл карда гуфтааст, ки нафари ба тарафи духтар дар пеши қабристони шаҳр тир холи намуда айнан ба писари ӯ чун як себи дукафон монанд будааст, вале қаду қомати ӯ дар нисбати Некрӯз пасттар будааст. Дар ин бора ман чандин маротиба аз забони худи ронанда ҳам шунида будам, ки қосиди мо бо домоди нокоми Сафол Фотеҳ ҳарчанд чун як себи дукафон аст, вале дар қаду қомат фарқ мекунанд. Маҳз ҳамин ҳолатҳо моро водор сохт, ки баҳри пешгирии ин амал чорае андешем. Он тарафашро шумо аллакай медонед.
-Ному насаби духтархолаатон?
-Вай аз ниятҳои нопоки мо огоҳӣ надошт ва оё шарт аст ба решаи оилаи ҷавоне теша занем?
-Охир маҳз дар асоси хабари вай шумо қасд ба ҷони Авази Аъзам намудед.
-Хоҳиш мекунам ӯро ба ҳоли худаш гузоред, ҳаминаш намерасид, ки бо гуноҳи банда шавҳараш кафшҳояшро пеши пояш гузорад.





