Амин Аскар бошад, содиршавии ҳарду ҳодисаро дар алоҳидагӣ ба душ гирифт. Чун тарс дар ниҳоди Сайф Ориф маскан гирифта буд, ба хотири фош нашудани асрори ниҳонаш ҳодисаи хурдеро то ба фоҷиаи бузург бурд... Беҳуда нагуфтаанд, ки “гӯри ҳасуд танг аст” Пас аз рӯ ба рӯ намудани тарафҳо ронандаро ба ИВС фиристода, бо тоҷир дубора сари мизи гуфтушунид нишастем.
Ҳаракатҳои тафтишотии тай чанд соати охир ба вуқуъпайваста хеле нишонрас буданд.
Бе мамониат ба санади таслимшави имзо гузоштани боздоштшуда ин худ як нишонае аз ҳаракатҳои дурусти корҳои тафтишотӣ буд.
Дар рафти пурсиш ба сифати айбдоршаванда собиқ тоҷир иброз намуд, ки қалби кучакаш ҳамеша чун пойгоҳи бухлу кина хизмат мекард ва ӯ аз шикасти кори дигарон ҳаловат мебурд. Маҳз ҳамин хислати пасташ буд, ки ҳамеша ба зиндагии Сафол Фотеҳ ҳасад мехӯрд ва аз сархам гаштани эшон дар тӯйи арӯсии духтараш ӯ он қадар лаззат бурд, ки ҳисобаш нест.
Бубинед, банда сари роҳи дигарон чоҳ кандам хостам Сафол Фотеҳро дар назди ёру дӯстонаш дар шаби тӯи арӯсии фарзандаш шармандаву таънасор созам ва дар он лаҳзаҳо ин амал ба мо даст дод, ҳатто рафти ҳодисаҳоро дида қабат – қабат гӯшт гирифтем, бехабар аз он ки ҳар амалеро подошест.
Маҳз ҳамин амали нопок сарманшаи ҳамаи корҳои минбаъдаамон гашт, чунки мехостем Сафол Фотеҳро дар ҳодисаҳои ба сари домодаш омада низ гунаҳкор созем. Вақте ки банда барои аз байн бардоштани қосид, ки ман ӯро бо чашми хеш надидаам, амр додам ва барои ин амал яроқ дастрас намудам, ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда будам, ки ин ҳама корҳои пасипардагии Амин Аскар аст. Кӣ медонист ин нобакор қосидро дар дигар амалиётҳо истифода бурдааст ва боз мехоҳад домоди собиқи Сафол Фотеҳро гунаҳкор созад. Чун ман шикасти пай дар пайи Сафол Фотеҳро, мехостам ба суханони ӯ бовар кардам, бехабар аз он ки ӯ дар саҳнаи зиндагӣ бозиҳои пасипардагии хешро бурда истодааст.





