Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 227 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 227 аз 527 · 2 ноябри 2026

соат пеш аз вақте ки ақрабаки соат аз омадани рӯзи нав хабар медиҳад, ман ба хона омадам...
...44...
Сари субҳ мо боз ба маҳаллаи Лучоб рафтем. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки роҳнаварди мо ҳангоми пурсиш нишон дод, ки дар он субҳи солеҳон пас аз оне, ки тирро дар пешонаи Руҳулло Ғаффор ҷо ба ҷо намуд, аз наздикии манзили хомӯшон гузашта истода, ба хулосае омадааст, ки тапончаро аз як гӯшаи шаҳр ба гӯшаи дигараш бурдан аз нигоҳи хирад нест. Аз ҳамин лиҳоз ӯ тапончаро дар зери дарахти арчае пинҳон намудааст. Ҷойи пинҳон намудаи тапонча мушкилотеро ба бор наовард, чунки собиқ хариташинос аз рӯй нишонаҳои атроф дар кадом самт ҷойгир будани арчаро муайян кард ва мо баъди хоку шағалро аз зери арча тоза намудан латтапечеро берун овардем. Рафти ёфта гирифтани тапонча ва нишондоди боздоштшуда дар ҷойи ҳодиса ба навор гирифта шуд.
Ҳангоме ки мо ҳанӯз дар маҳаллаи Лучоб будем, муфаттиш ба сарвари милиса Ҳамид Ҷовид дар тамос шуда, хоҳиши ба дафтари кориаш овардани Сайф Орифро намуд.
Ҳамзамон, ӯ Амин Аскарро низ ба боздоштгоҳи муваққатӣ нафиристод.
Соате пас дар бинои прокуратура ҳаракати дигари тафтишотӣ-рӯ ба рӯ намудани Сайф Ориф ва Амини Аскар оғоз шуд. Муфаттиш ба ин амал дар замоне даст зад, ки ҳанӯз Сайф Ориф ба ҳамаи суолҳои тафтишот дар алоҳидагӣ посух нагуфта буд, вале чӣ илоҷ, ки таблак дар дасти нақорачӣ буд ва нақорачӣ худи сарвари гурӯҳи мо.
Саривақт будани ин ҳаракати тафтишотиро мо ниҳоят дер дарк намудем, чунки ронанда собиқ патронашро дар бадбахтиҳои ба сараш омада гунаҳкор кард. Амини Аскар чун пештара иброз намуд, ки Сайф Ориф дар қатли собиқ ҳамхизматаш даст надорад ва сабабҳои ба ин амал пинҳони даст заданашро низ дубора такрор намуд..Тафтишот тариқи ҳамин ҳаракати мурофиавӣ муайян намуд, ки Сайф Ориф дар ду ҳодиса - яке аз он ҳодисаҳо қатли Руҳулло Ғаффор ва дигаре қасд ба ҷони Шаҳнози Зокир даст надорад, чунки ронанда ин ду амалро дар танҳоӣ иҷро намуда, ва патронаш ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда, ки ронанда ба чунин амалҳои зишт даст зада.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан