Ба нафаре, ки бо ҳамин як амали хурд ба чашми ҳамагон хок пошида тавонист, аҳсан гуфтан лозим буд.
Охир ақли кӣ мегирад, ба лингчае, ки дар шакли стандарти давлатӣ аз рӯи қолаби ягона дӯхта шудааст, бо шубҳа нигарад. Фиреби назар аз ин беш намешавад. Хайрият дар лаҳзаи охир дар замоне, ки мо аз ҳавлии боздоштшуда нияти баромадан доштем, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ андешаҳои хешро баён намуд.
Сарвари гурӯҳ барои кушодани даҳони лингча амр дод ва мо ҳама нигоҳи хешро ба ҳамон самт дӯхтем. Соҳибхонаи ҳанӯз дар иҳотаи посбонон буда дар пешомади кори хеш “форс мажор”26- ро дарк кард, ки пеш аз муҳлат нигоҳашро ба замин дӯхт. Аз дохили лингчаи кушодаи шакар селофанпечеро берун оварданд ва чун онро кушоданд, як адад автомати 5.45 мм Калашников берун омад. Ташхисгар чун заргар бо латтаи дар дасташ буда равғани болои рақамро тоза карда гуфт: - Соли барориш 1983 рақами 6129 серяи БР.
-Дар ҳақиқат хонаи гург бе устухон набудааст, - гуфтам ман бо овози шунаво, вале Сайф Ориф ин кинояи бандаро, ки аслан суханони худаш буданд, дарк намуд ё не, бароям норӯшан монд, чунки ӯ то кунун нигоҳашро аз фарш наканда буд.
Муфаттиш дар бораи ёфтани АКС аз ҳавлии Сайф Ориф санад тартиб дод ва ба ҷуз шахсони холис ба он Сайф Ориф, ки дар ҳавлии худаш бегонаро мемонд бе ягон мамониат имзо гузоштанд.
Боздоштшударо боз ба ИВС бурданд ва мо бо холисон худоҳофизӣ намуда ба коргоҳ омадем. Шаб бо тамоми ҳастиаш ҳукумфармоӣ дошт. Ҳуҷҷатҳо ва далели шайъиро дар коргоҳ гузошта, аз ронанда хоҳиш намудем, то муфаттишро ба манзили истиқоматааш бубарад.
-Шинед, шуморо ҳам мебарам, - таклиф намуд ронанда, вале мо таклифи эшонро рад намудем. Сипас ҳамроҳи Абдурашид дар кӯчаҳои шаҳр хеле қадам задем. Ҳамагӣ ним
26 Ҳолате, ки пешгири кардани он дигар имкон надорад.





