Чун аз санг садо омаду аз боздоштшуда не, муфаттиш барои гузаронидани кофтуков рухсат дод.
Кофтуков ниҳоят тӯл кашид. Дар замоне, ки мо қариб умедамонро аз натиҷаи ин амал канда будем, Абдурашиди Шариф, ки ҳамроҳи ташхисгар-криминалист омада буд, каломеро ба забон овард, ки он боиси таваҷҷуҳи дубораи мо гашт.
-Шумо худ дида истодаед, ки ҳавлӣ чӣ қадар калону озода аст, вале боиси таассуф аст, ки соҳибхона он ду лингчаи шакарро дар бинои ёрирасон, дар байни материалҳои гуногуни сохтмонӣ гузоштааст. Маводи хӯрокворӣ дар байни материалҳои сохтмонӣ, дар байни чангу гард, - гуфт Абдурашид.
Бо амри муфаттиш ҳайати гурӯҳ дубора ба бинои ёрирасон ҳаракат намуда, ҳамаи ашёи дар он ҷо бударо аз нав мавриди кофтуков қарор доданд. Маҳз ҳамин амал як тағйироти куллиеро дар намуди зоҳирии боздоштшуда ба амал овард.
-Он ду лингчаи шакарро як дӯсти занбӯрпарварам оварда, муваққатан ба ин ҷо мондааст ва бояд онҳоро мебурд, вале намедонам чаро ӯ то кунун онҳоро набурдааст, - моро бовар кунониданӣ шуд Сайф Ориф.
-Шумо беҳуда ташвиш накашед, мо онҳоро бо худ намебарем, ҳамин хел боз як маротибаи дигар санҷида мебароем, - гӯён муфаттиш дубора вориди он бино шуда, тугмачаи чароғаки барқиро пахш кард...
Он бинои ба қавле, аз мадди назари соҳибхона дурмонда, баробари фурӯзон гаштани чароғ дубора мавриди ҳаракатҳои тафтишотӣ қарор гирифт ва ташхисгар-криминалист ба ташхиси он ду лингчаи шакар пардохт ва бо задани сихи оҳанин муайян намуд, ки дар дохили яке аз он лингчаҳо сихи оҳанин ба монеа дучор шуда истодааст ва ин дар ҳоле, ки даҳони лингча дар шакли қолаби дӯхта шуда буд. Шояд ҳамин ҳолат ҳангоми дафъаи аввал вориди бино шуданамон моро ба иштибоҳ андохт.





