Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 224 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 224 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ҳама гуна мақол барои замон ва макони муайян дар шакли кулл- гуфта шудааст ва дар ҳолатҳои алоҳидаи аз рӯи вазъи ба амаломада онро сарфи назар намудан равост.
Рафти ҳодисаҳо моро ба иҷрои амалҳои таъҷилӣ водор намуда истодааст. Мо наметавонем, дурусттараш мо ҳуқуқ надорем, иҷрои чунин як амали тақдирсозро ба таъхир андозем. Беҳтар мешуд, ки шумо барои ба ҷой кофтуков рафтан иштироки ташхисгар – криминалистро таъмин менамудед!
-Гумон доред, ки Сайф Ориф автоматро дар ҳавлиаш нигоҳ медорад?
-Инашро ман намедонам, вале худатон шунидед, ки Амин Аскар чӣ гуфт?
-Гуфт баъди иҷрои амал автоматро худи ҳамон рӯз боз ба дасти соҳибаш дод.
-Бубинед барои иҷрои амал ӯ чӣ хел тез яроқ ёфт, дурусттараш қотилро бовар кунонидааст, ки “хонаи гург бе устухон намешавад.” Пас агар чунин аст, ҳарчи тезтар мо бояд ба тавофи манзили гург равем.
-Бо ёфта гирифтани автомат кори мо анҷом намеёбад, ва боз моро лозим меояд, ки барои гирифтани тапонча равем ва боз кори шаб хандаи рӯз гуфтаанд, - мусоҳибамро аз иҷрои амалаш гардониданӣ шуда гуфтам ман.
-Мо аллакай дар куҷо будани тапончаро медонем, вале дар торикӣ ҷустани он маъние надорад. Фардо субҳ аз пайи дарёфти тапонча мешавем ва гумон мекунам дар ин самт мушкилоте пеш нахоҳад омад, чунки хариташиносро ҳамроҳамон мебарем. Ҳоло бошад, моро ба ҷуз ба хонаи Сайф Ориф ташриф овардан чорае нест. Дар асл гург ҳеҷ гоҳ устухонро ба лонаи шағол ҳаво намедиҳад ва онро ҳамеша дар лонаи хеш дар пеши чашмаш нигоҳ медорад.
-Бошад.
То ҷо ба ҷо намудани баъзе корҳо соате сипарӣ шуд.
Қарибиҳои шом мо ба манзили Сайф Ориф ташриф овардем.
Баъди чанд дақиқаи интизори мошини милиса боздоштшударо дар зери назорати ду посбон то пеши манзили истиқоматиаш овард. Дар ҳузури холисон муфаттиш сабаби ташрифи гурӯҳи фаврӣ – тафтишотиро шарҳу эзоҳ дода, қарори соате пештар дар ин бора ба тавсиб расонидаашро ба дасти боздоштшуда дода, аз эшон хоҳиш намуд, ки ба таври ихтиёри автомати пинҳоннамудаашро бароварда диҳад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан